ҒИРОМБОЗИИ ДОВАРОНИ ФУТБОЛ ВАЗЪИ СИЁСИРО НООРОМ МЕКУНАД


Чӣ тавр доварони футбол вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором мекунанд?

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан алайҳи ду хонандаи синфи 9-уми шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Сардори маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба “Нигоҳ гуфт, 10-уми май, соати 19:10 дақиқа, пас аз анҷоми бозии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон карда мешавад ва сангҳо ба сўи бинои маъмурии варзишгоҳ ҳаво дода  мешаванд, ки дар натиҷа ду шишаи пластикии бинои мазкур мешиканад ва шахсони номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд:
– Дар рафти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва истифода аз наворҳои оперативӣ муайян карда шудааст, ки ин амал аз ҷониби ду ноболиғ –  яке соли таваллудаш 1996 ва дигаре соли таваллудаш 1995, ки ҳарду ҳам хонандаи синфи 9-ум мебошанд, содир шудааст.  Онҳо як адади шишаи тирезаро вақти ҳаво додани санг мешикананд, ки арзишашон  34 ва 20 сомониро ташкил медиҳад. Оиди ин ҳодиса бо моддаи 237 – авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

“Ҷиноят”

10-уми май дастаи футболи “Истаравшан” дар варзишгоҳаш дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзодаро қабул намуда, бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст хўрд. Аммо голи охирин, ки меҳмонон вориди дарвозаи “Истаравшан” карданд, мухлисонро сахт норозӣ кард ва ин боиси бетартибиҳо дар варзишгоҳ шуд.
Файёз Султонов, раиси Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан, ба “Нигоҳ” гуфт, довар аввал голро ҳисоб накард ва маротибаи дигар голро ба ҳисоб гирифт, ки ин мухлисонро нороҳат кард, аммо ягон хел ҷангҷол нашудааст ва ягон кас каси дигарро назадааст:
– Бо айби як-ду довар мардум нороҳат шуданд. ҳамин қадар гапро баъзе мақомотҳо гирифтанду бетартибӣ шуд, гуфтанд. Дар ин бозӣ қариб 10 ҳазор мухлис иштирок дошт. Бозӣ соати 17 оғоз шуда, ба дараҷаи олӣ мегузашт. Дар қисмати дувуми бозӣ, тақрибан, дақиқаҳои 84 -85 як бозингари “Регар” аз ҳолати берун аз бозӣ гол зад. ҳамин голро аввал довари паҳлу ва баъд мобайнӣ ҳисоб накарданд, аммо баъд ба ҳисоб гирифтанд. Мардум норозӣ шуданду ҳамин лаҳза бозӣ ба охир расид. “Истаравшан” бо ҳисоби 3 бар 2  бозиро бохт. Мухлисон бо ҳамин норозигӣ баромада рафтанд ва дигар ягон ҳолат нашудааст. Намояндагони сохторҳои қудратӣ то пароканда шудани мардум бо мақсади рух надодани ягон ҳодиса вазъиятро назорат карданд.  Ягон довару меҳмон осеб надид. Мо онҳоро гуселондем. Аммо шахсан ба назди доварон рафта гуфтам, ки ин рафтори шумо рушди футбол дар Тоҷикистонро метавонад ба қафо партояд.
Аммо Умед Юсуфов, як мухлис ва иштирокчии бозӣ аз шаҳри Истаравшан,  мегўяд, вақте доварон ғайриқонунӣ голи «ҳаром»-ро ба ҳисоб гирифтанд, мардум сахт норозӣ шуд:
– Голи сеюмро як маротиба ҳисоб накарданд, аммо пас аз фишори бозингарони “Регар – ТадАЗ” ба ҳисоб гирифта шуд. Рафтори доварон ғайриқонунӣ буд, ки мухлисон ба шўр омаданд. Онҳо бояд пеши қонун ҷавоб гўянд, зеро бо ин корашон онҳо метавонистанд вазъи сиёсии кишварро ноором кунанд.
Аммо бино ба манобеи дигар, норозигиҳои мухлисони “Истаравшан” бештар аз он будааст, ки масъулин тасвир мекунанд. Онҳо пас аз хориҶ шудан ба сўи стадион, ҳамчун маҳалли беадолатӣ, санг партоб кардаанд.

“Ҷазо”
Асрор Шораҷабов, раиси клуби “Истаравшан”, ки 13 май дар ҷаласаи 10 роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат кардааст, ба “Нигоҳ” гуфт, пас аз пурра маълум кардани вазъият гунаҳкорон ҷазои худро гирифтанд, аз ҷумла, довар Рустам Холов ва нозири бозӣ Раҳим Шарифов ду моҳ аз доварӣ маҳрум карда шуданд:
– Бо қарори Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон Сафаралӣ Каримов, ҳимоятгари «Регар-ТадАЗ», ки байрақчаи ёвари сардоварро кашида гирифта, бо он ба шиками ў зада буд, як сол аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоти ФФТ маҳрум ва 5 000 сомонӣ ҷарима шуд. Бозингари «Истаравшан» Улуғбек Абдулҳаев аз як бозӣ маҳрум шуд ва 300 сомонӣ ҷарима месупорад.
Чанд сол пеш низ пас аз бозӣ байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд” ҷанҷоли калон шуда, аз рўи маълумоти ғайрирасмӣ, наздики 40 оинаи мошинҳои меҳмононро шикаста буданд. Он замон ҳам ин ҳама бо гуноҳи довар рух дод.
Акнун ҳоло ба сабаби рафтори ғайриҳирфаии доварон алайҳи ду ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва гўё бо ҳамин масъала ҳалли худро ёфт. Лекин касе ба умқи ин нукта меравад, ки Тоҷикистон Аврупову Русия нест ва то кай бо хатои доварон бояд нооромӣ рух диҳад? ҳамон беназмиҳо дар Кўлоб пас аз бозии “Равшан” ва “Истиқлол” дарс нашуд?

Афзал БОСОЛИЕВ, “Нигоҳ”

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s