Натоиҷи бозиҳои даври севуми лигаи аввали Тоҷикистон


Рӯзҳои 18-19-уми май бозиҳои даври севуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар як бозӣ мизбонон ғалаба карданд. “Саройкамар”-и Панҷ ба дарвозаи дастаи меҳмон – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. Дар ду бозии дигар меҳмонон пирӯз шуданд. “Нури Норак”-и Норак бар “Пахтакор”-и Қубодиён ва “Ҳулбук”-и Восеъ бар “Бохтар”-и Бохтар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозии даври севум миёни дастаҳои “Локомотив”-и Душанбе ва “Кӯктош-С”-и Рӯдакӣ баргузор нашуд. Ба дастаи мизбон – “Локомотив” ба иллати напардохтани маблағи ҳаққи ширкат дар мусобиқот, ФФТ иҷоза надод, ки ин бозиро баргузор кунад. Бар асоси низомномаи мусобиқот “Локомотив” бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва “Кӯктош” бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

Масъалаи иштироки минбаъдаи дастаи “Локомотив” дар мусобиқаи лигаи аввал рӯзҳои наздик дар ФФТ баррасӣ хоҳад шуд.

Натоиҷи бозиҳои даври 3-юм:

«Саройкамар» (Саройкамар)- РТСУ (Душанбе) – 2-0
«Пахтакор» (Қубодиён) – «Нури Норак» (Норак) – 0:1
«Локомотив» (Душанбе) – «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) – 0-3 (техникӣ)
«Бохтар» (Бохтар) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 0:1

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) ва «Ҳулбук» (Восеъ) бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 3 0 0 9 – 2 9
2. «Ҳулбук» (Восеъ) 3 3 0 0 9 – 3 9
3. «Нури Норак» (Норак) 3 2 1 0 3– 1 7
4. «Саройкамар» (Панҷ) 2 1 1 0 3 – 1 4
5  “Бохтар» (Бохтар) 2 1 0 1 3 – 4 3
6. Р Т С У (Душанбе) 2 1 0 1 1– 2 3
7. «Ҳосилот» (Фархор) 2 0 0 2 1 – 3 0
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 3 0 0 3 3 – 8 0
9. «Локомотив» (Душанбе) 3 0 0 3 3 – 11 0

Голзанҳои беҳтарин: Холматов Зоир («Ҳулбук») – 4 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”), Козимов Некрӯз («Нури Норак»)- 3тӯбӣ.

Бозиҳои даври 4-ум
25-уми май (шанбе), соати 17.00 
РТСУ – «Ҳулбук»
«Кӯктош-С» – «Бохтар»

26-уми май кшанбе), соати 17.00 
«Нури Норак» – «Локомотив»
«Саройкамар» – «Ҳосилот»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s