Парвиз Муртазоев – “кахрамон”-и вохурии Парвоз-Истиклол


Вокеахои гайричашмдошт дар ин вохури ба вукўъ омаданд. Мухочими Истиклол дар ин бози чарохати вазнин бардошт, аз руи маълумот пояш шикастааст ва дар ин мавсим, мутаассифона, дигар на ба тимаш ёрдам расонида метавонаду на футболи моро зеб медихад. Афсус. Ин холат комилан чолиб нест ва зарарест бар рушди футболи мо. Мо хохони онем, ки Худованд барояш шифои комил ато кунад.
Дар вакти мубориза дар майдончаи чаримавии Парвоз у бо Комрони Мирзохон бархурд ва аз пой афтид. Дар ин бархурд коидаи бози вайрон нагашт, балки дар он холати бози рух додааст (игровая ситуация). Баъди чанд лахза, бинобар аз чой барнахостани ин ду бозигари бархурда довар идомаи бозиро нигох дошт.

Такрибан баъди 10 дакика Юджин Сепуйяро бо мошини ёрии таъчилии тибби аз майдон бурданд. Ин дам як нофахмие ба вучуд омад: довар ба хамон мухофизи Парвоз корти сурх нишон дод. Аммо як чиз дар хайрат гузошт: Агар коидаро Комрон вайрон кардаю бар ивази ин корти сурх гирифта бошад, пас бояд бозиро Истиклол огоз мекард, аниктараш чаримаи 11-метра… Аммо бозиро Парвоз огозу идома дод… Шояд ин рафтори бози хатто худи Истиклолро ба хайрат оварда бошад. Агар коида вайрон набуд пас барои чи корти сурх? Ва агар вайрон буд, пас барои чи чаримаи 11-метра не? Ин суолест, ки бояд ФФТ дида барояд. Ба хар хол мо умед дорем ва талаб мекунем.

Рости фахмидан душвор аст, ки барои чи чунин вохурихои марказии давр ба як довари камтачриба бовари шуда бошад. Маълум аст, ки Парвоз аслан барои Истиклол як харифи комилан нобоб аст, хатто танхо аз ин чихат метавонистанд доварии ин бозиро ба ягон шахси пуртачриба бовари кунанд.

Корнамоии довар бо ин тамом нашуда буд. Бо хар рох рухияи Парвозро мешикаст. Агар сабти ин бозиро бинед худатон бахо медихед…

Дар ин вохури тарафгирии довари асоси онкдар бар нафъи Истиклол кор надод гуем хам хато намекунем. Ва умуман фикр мекунам, ки Истиклол тими пуркувват аст ва он ниёз ба тарафгирии доварон надорад. Дар ин тим бозигарони бехтарин чамъ шудаанд, мураббии хуби хоричи таклиф шудаю, шароитхои хуби бози ва тамрин ташкил шудааст. Тарафгирии довар бар зарари Истиклол буд, ки дар ин бози дидем: то рух додани он ходисаи нохуш Истиклол дар шахсияти мухлисони Хучанд мухлиси худро дошта буд. Аммо баъди он ки мухлисон дар майдон беадолатии доварро диданд аз мухлисии Истиклол ру тофтанд ва Парвозро мухлиси карданд.

Лахзахое, ки бояд ба нисбати истиклоли чорахои чиддитар меандешид кам набуданд, аммо довар сахлангори мекард. Як мисол одди Сохиб Саванкулов баъди вайрон кардани коидаи бози дар руяш корти зард дид. Бо ин вай каноатманд нашуда ба довар дарафтод… Барои ин рафтораш хадди акал аз довар бояд чазо медид ва Худо накунаду ба чои у касе аз Парвоз мебуд… Тахмин дакикахои 25 бози довар ба Фарход Тохиров корти зард барои симулятсия нишон дод. Аз руи мушохидаи ман ончо симулятсия набуд. Мухлисони наздиктар чойгирифта иброз доштанд, ки коидаро истиклоли вайрон карда буд.

Вакти асосии кисми аввали бози анчом ёфт, довар – Парвиз Муртазоев танхо ду дакика илова кард. Хол он ки танхо барои расонидани ёрии таъчили ба Юджин Сепуйя 10 дакика бози нигох дошта шуда буд.

Аз рафтори довар хатто Кавазович норози буд ва дар охири кисми аввал мо шохид будем, ки у бар довари асоси бахс орост…
Ростй, рафтори доварро агар хатто худи Президенти ФФТ медид шармаш меомад.

TjkBakh

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s