Нокомии дастаҳои футболи“Дӯстӣ” ва “Сомониён” дар Сочи


Дастаҳои бачагонаи футболи Тоҷикистон – «Дӯстӣ” ва “Сомониён” дар мусобиқаи футбол миёни тарбиягирандагони мактабҳои кӯдакона ва мактаб-интернатҳо барои Ҷоми “Оянда ба ту бастагӣ дорад» дар Сочи ноком шуданд.

Ин мусобиқаи анъанавиро ширкати мобилии «Мегафон» ташкил кардааст. Ғолибони мусобиқот имкон пайдо мекунанд, ки ба Лондон сафар намуда, меҳмони бошгоҳи машҳури футболи «Арсенал»-и Инглистон шаванд. 

Дастаи бачаҳои калонсоли «Сомониён» (15-16-сола) дар гурӯҳи дувум нахуст бар тими «Гагаринетс» аз Канск бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Вале баъдан дар ду бозии дигар аз тимҳои «Надежда»-и Қазон бо ҳисоби 1:2 ва «Илалте»-и Бурятия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Дастаи “Сомониён” бозии охиринашро дар сабқати гурӯҳӣ ба тими ГЮЭНОС-и Абхазистон бо ҳисоби 0:1 бохт ва дар гурӯҳи худ ҷойи 5-умро гирифта, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Дастаи “Дӯстӣ”бошад,  дар байни футболбозони синнашон 12-14-сола дар гурӯҳи “Б” дар бозии аввал аз тими Абхазистон бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд ва дар даври дувум бар тими «Сосновка»-и вилояти Новгород бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Инчунин футболбозони навраси тоҷик бар тими «Волга»-и Нижний Новгород бо ҳисоби 4:3 ғалаба карда, ба  чорякфинал баромад. Вале футболбозони навраси тоҷик аз тими «Надежда»-и Қазон аз рӯи силсилаи пеналтӣ мағлуб шуданд. Замони асосии бозӣ бидуни гол хотима ёфт.

Ба ин тартиб дастаҳои бачагонаи футболи Тоҷикистон – «Дӯстӣ” ва “Сомониён” бозиҳояшонро дар Сочи дар мусобиқаи футбол миёни тарбиягирандагони мактабҳои кӯдакона ва мактаб-интернатҳо барои Ҷоми “Оянда ба ту бастагӣ дорад» ба охир расониданд.

Барои роҳхатҳо ба Лондон дастаҳои наврасон аз Абхазистон, шаҳрҳои Махачқалъа, Қазон ва Киров (гурӯҳи хурдсолон) ва мунтахабҳои Абхазистон, Бурятистон ва шаҳрҳои Ростови соҳили Дон ва Тоболск (гурӯҳи калонсолон) талош доранд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s