Шикасти дастаи наврасони Тоҷикистон аз Баҳрайн


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз мунтахаби наврасони Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” рӯзи 25-уми май дар пойтахти Баҳрайн – Манама, дар варзишгоҳи “Ал-Муҳаррак” баргузор шуд. 

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик ду рӯз пеш бозии авали дӯстонаро бо мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буданд.

Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Толибов дар дақиқаи 8-ум (аз ҷаримаи 11-метра) ва  нимҳимоятгар Худойдод Узоқов дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонда буданд.

Футболбозони навраси тоҷик дар пойтахти Баҳрайн – Манама бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикашӣ Сузукӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат карда, ба мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий», ки аз 28-уми май то 6-уми июн дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 18 футболбоз, аз он ҷумла, 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохиланд.

Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Боку сафар менамояд. Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” футболбозони навраси тоҷик дар даври пешакӣ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уругвай (29-уми май) ва Ҷопон (30-юми май) рақобат хоҳанд кард.

Бозии дувуми дӯстона

Баҳрайн (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 3:0

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев (Шаҳром Исмоилов, 53), Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов (Фирӯз Ризомов, 57), Худойдод Узоқов, Эраҷ Сафаров (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46), Ҳикмат Муллодӯстов (Рустам Толибов, 46), Искандар Мамадқулов, Кароматулло Саидов (Сомон Мавлонов, 70), Сӯҳроб Муъминов (Муҳаммад Шарифов, 46), Ҳаким Ҳасанов, Собир Гулаков (Сироҷиддин Гулмамадов, 63.

25-уми май. Манама. Варзишгоҳи «Ал-Муҳаррак». 50 тамошогар.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s