“Локомотив” аз лигаи аввали Тоҷикистон хориҷ шуд


Рӯзҳои 25-26-уми май бозиҳои даври чоруми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. Пешсафи ҷадвали мусобиқот – дастаи “Кӯктош-С”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими “Бохтар”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бар тими меҳмон – “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 2- 0 пирӯз шуд.

Вале дастаи РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе дар майдони худ аз тими “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1- 4 шикаст хӯрд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Локомотив”-и Душанбе ба иллати напардохтани маблағи ҳаққи ширкат дар мусобиқот аз лигаи якум хориҷ ва натоиҷи бозиҳояш бекор карда шуд.

Натоиҷи бозиҳои даври 4-ум:

РТСУ (Душанбе) –  «Ҳулбук» (Восеъ) – 1-4
«Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) – «Бохтар» (Бохтар) – 3-1
«Саройкамар» (Панҷ)- «Ҳосилот” (Фархор) – 2-0

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Кӯктош-С» ва «Ҳулбук»  бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 3 0 0 9 – 3 9
2. «Ҳулбук» (Восеъ) 3 3 0 0 8– 3 9
3. Саройкамар” (Панҷ) 3 2 1 0 5-1 7
4. «Нури Норак» (Норак) 3 2 1 0 3– 1 7
5 РТСУ (Душанбе) 3 1 0 2 2– 6 3
6. «Ҳосилот” (Фархор) 3 0 0 3 1– 5 0
7. «Бохтар» (Бохтар) 3 0 0 3 1 – 5 0
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 3 0 0 3 3 – 8 0

Голзанҳои беҳтарин: Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 тӯб, Сироҷиддин Қурбонов (“Кӯктош-С”), Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”), Некрӯз Козимов («Нури Норак») – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 5-ум
1-уми июн (шанбе), соати 17.00 
“Пахтакор” – «Саройкамар»

2-уми июн кшанбе), соати 17.00 
«Ҳосилот» – РТСУ
«Бохтар» – «Нури Норак»
«Ҳулбук” – «Кӯктош-С»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s