“Равшан” дар сафар “Регар”-ро шикаст дод


Шоми чоршанбе, 29-уми май ду бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода аз тими меҳмон – “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд. Тӯбро дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 23-юм Мӯсо Содиқ, легионери африқоии “Равшан” аз Гана, вориди дарвозаи мизбонон кард.

Дар бозии дигар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври 9-уми мусобиқот дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро дар нимаи дувуми дидор Виллер Оливейра, легионери бразилии “Истиқлол”, дар дақиқаи 78-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар ҳамаи 7 бозиашон пирӯз шудаанд, бо 21-имтиёзӣ пешсаф мебошанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (19-2)  дар ҷойи аввал ва “Равшан” (13-2) дар ҷойи дувум қарор доранд.  “Регар-ТадАЗ”  бо 10 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ     Дастаҳо Б Ғ М Б   Т И
1. «Истиқлол» 7 7 0 0 19-2 21
2. «Равшан» 7 7 0 0 13-2 21
3. «Регар-ТадАЗ» 7 3 1 3 6-8 10
4. «Хайр» 6 2 2 2 9-7 8
5. «Хуҷанд» 7 2 2 3 5-6 8
6. «Вахш» 8 2 2 4 4-8 8
7. «Энергетик» 6 2 1 3 4-6 7
8. «Парвоз» 7 2 1 4 4-12 7
9. ССКА «Помир» 6 0 3 3 1-6 3
10. «Истаравшан» 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 тӯб, Юҷин Сепуйя, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр») – 3-тӯбӣ.

Даври 9-ум
30-юми май (пан
ҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«Парвоз» – «Энергетик». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

31-уми май (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.00
ССКА «Помир» – «Хайр». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.

7-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Равшан» – «Вахш». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 10-ум
8 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.30
«Истиқлол» – «Истаравшан». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
«Хайр» – «Хуҷанд». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Энергетик» – ССКА «Помир». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.30
ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
«Хуҷанд» – «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Равшан» – «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Истаравшан» – «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s