Бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Афғонистон. Ҳисоб 3-2.


Онлайн аз Озодӣ

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон баргузор шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Рустам Ризоев, Далер Тухтасунов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ҷамшед Исмоилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Комил Саидов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонги Эргашев, Хуршед Маҳмудов

Ҳайати раҳбарикунанда: Рустам Усмонов – менеҷер, Мубин Эргашев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббии калон.

Ҳайати тими миллии Афғонистон:
Ҳамидуллоҳ Юсуфзай, Муқаддар Қозизода, Фарзод , Алӣ Аҳмад, Муҷтабо Файзӣ, Амриддин, Рафи Боризкай, Ваҳид Надим, Маъруф,  Ҳамидуллоҳ Каримӣ, Ҳашматлулоҳ Борикзай,

Мураббӣ  Али Ҷавод Атоӣ, менеҷер Муҳаммад Фарид Мавлоӣ

Сардовари бозӣ: довари ФИФА Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Ёварони сардовар: Баҳром Саъдуллоев (шаҳри Қӯрғонтеппа) ва Қурбонмаҳмад Кар

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Комиссари бозӣ: Ислом Маҳмадшоев (Душанбе).
Бояд гуфт, ки футболбозони тоҷику афғон аз ин пеш се бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳарсе бозӣ мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:

9-уми ноябри соли 2005 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008 – Ҷоми даъвати АФК-2008. Давраи ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 112-ум, тими миллии Афғонистон дар ҷойи140-ум қарор доранд.

Пеш аз оғози бозии дӯстона сурудҳои миллии ҳарду кишвар – Афғонистон ва Тоҷикистон садо дод.

Раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов дар ибтидо сухани табрикӣ намуд ва ба дастаҳо муваффқият орзу кард. Инчунин ба футболбозони мураббиёни ҳар ду даcnf тӯҳфаҳо пешкаш шуданд.

Бозm бо ҳуҷумҳои пайдарҳами мизбонон оғоз шуд. Дар дақиқаи ҷаҳоруми бозӣ ҳуҷуми ҷавобии меҳмонон ба гол анҷомид. Тӯбро дар дақиқаи чаҳорум Ҳашматлулоҳ Борикзай, ҳамлагари дастаи Афғонистон вориди дарвозаи мизбонон кард.

Дар варзишгоҳи “Пахтакор” тахминан 8 ҳазор тамошогар ҳузур доранд. Ҳаво 35 дараҷа гарм аст. Ба ин ингоҳ накарда бозӣ бо суръати баланд ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик кӯшиш мекунанд, ки ҳисобро баробар намоянд. Ҳоло Ҷамшед Исмолов зарба зад ва тӯб аз майдон берун рафт.

Дар дақиқаи 17-уми бозигари рақами 18-и мунтахаби Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев бо зарбаи сахту нишонрас аз ҷаримагоҳи меҳмонон ҳисобро баробар намуд.

Мухлисони зиёд дастаи Тоҷикиитсонро хуб дастгирӣ  мекунанд ва бархе аз онҳо ба карнай, сурнай ва таблу доира ба варзишгоҳ омадаанд.

Ҳамчунин дар дасти баъза аз онҳо парчами миллии Тҷикиистон ҷилва медиҳад. Дастаи Афғонистон бо пероҳани сурх ва дастаи Тоҷикистон сафед бозӣ доранд.

Аз оғоҳи нимаи аввали бозӣ 24 дақиқа гузашт, ҳисоб тағйир наёфтааст ва теъдоди мухлистон дар варзишгоҳ зиёд мегардад

Дастаи мунтахаби Афғонистон ҳоло бештар ҳуҷум мекунад, вале дар лаҳзаҳои охирин ба онҳо зарбаҳои нишонрас намерасад. Чунончӣ ба шореҳи варзишии радиои Озодӣ, сармураббии тими миллии Афғонистон Юсуф Коргар гуфт, тими имрӯзае, ки ба майдон омадааст, аслан аз ҳисоби футболбозони ҷавон иборат аст, ки онҳо аз шаҳри Кобул ва вилоятҳои Афғонистон мебошанд. Вале ягон легионер, ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоранд.

Ва ҳоло ҳуҷуми дастаи Тоҷикистон, аз назди пои Дилшод Восиев меҳмонон тӯбро гирифтанд. Акнун бозӣ дар нимаи майдони меҳмонон ҷараён дорад. Футболозои тоҷик ва мухлисонашон ташнаи голанд.

Ҳисоб ҳамоно 1:1

Суръати бозӣ каме суст шуд ин ё ба гармии ҳаво бастагӣ додрад ва ё футболбозон қувваи худро барои нимаи дувум нигаҳ медоранд. Ва ҳоло тамоми нишастгоҳҳои варзишгоҳ аз мухлистон пур шуд. Ва агар бигӯем, ки наздики 10 ҳазор мухлис ин бозиро дар варзишоҳ тамошо доранд, хато намекунем.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз футболбозони бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ташкил ёфтааст. Ва дастаро дар муддати хеле кутоҳ мураббиёни пуртаҷриба Мубин Эргашев ва Салоҳиддин Ғафуров ба бозии имрӯза омода кардаанд. Дар ҳақиқат имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа хеле гарму тафсон аст.

Дар дақиқаи 41-уми бозӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Афғонистон рақами 9 Ҳамидуллоҳ Каримӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.

Ҳисоб 1: 2

Дар дақиқаи 43-юми бозӣ меҳмонон қоидаи бозиро вайрон карданд. Ва сардовар ба сӯи дарвозаи Афғонистон ҷарима таъйин кард. Капитани дастаи Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов зарбаи ҷаримавиро вориди дарвозаи Афғонистон кард.

Ҳисоб баробар 2:2

Нимаи аввали бозии дӯстона миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.

Дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Дақиқаи 3-юми нимаи дувуми бозӣ ҷараён дорад. Ҳоло як зарбаи бозингари дастаи Тоҷикистон Аҳтам Назарова аз масофаи тақрибан 20 метр ва тӯб ба тири дароза бархӯрд.

Дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати дастаи Тоҷикистон ду нафар бозигар иваз шуданд. Ба ҷои Ҷамшед Исмоилов ба майдон Абдусамад Ҳоҷибоев ва ба ҷои Далер Тухтасунов Сиёвуш Асроров омаданд.

Дақиқаҳои авали бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон ҷараён дорад.

Дард дақиқаи 55-уми бозӣ тӯби аз масофаи наздикзадаи ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Комил Саидов аз каме дуртар аз сутуни дарвозаи дастаи Афғонистон гузашт.

Ва ҳоло бештар футболозони тоҷик ҳуҷум мекунанд вале тағйири ҳисоби бозӣ ба онҳо муйяссар нашудааст. Футболбозони Афғонистон бо нерӯи зиёд ба хатти дифоъ ҷамъ омадаанд ва онҳо намегузоранд, ки мизбонон муваффақ шаванд.

Бозигарони афғони аслан ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекунад ва бозии онҳо писанди мухлисон аст.

Дақиқаи 57-и бозӣ ҷараён дорад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон боз як бозигар иваз мешавад. Ба ҷои рақами 22 Комил Саидов ба майдон рақами 23 Аҳтам Ҳамроқулов омад.

Дақиқаи 66-уми бозӣ ҳисоби 22. Ҳар ду даста бо суръати баланд бозӣ доранд ва зуд-зуд ба нимаи майдони ҳамдигар мегузаранд. Вале рахна кардани хатти дифоъ ба футболбозон мушкил аст. Натиҷаи ин бозӣ ҳарчанд, ки дӯстона аст, ба мавқеи дастаҳо дар рейтинги ФИФА таъсир хоҳанд гузашт ва аз ин рӯ онҳо барои пирӯзӣ талош доранд. Дар воқеъ мунтахаби Тоҷикистон айни ҳол дар рейтинги ФИФА дар ҷои 112-ум ва мунтахаби Афғонистон дар ҷои 140-ум қарор доранд.

Як зарбаи хуби Аҳтам Ҳамроқуов аз масофаи наздик, тахминан 5-метр. Дарвозабони мунтахаби Афғонистон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай маҳорати баланд нишон дод ва тӯбро баргардонд.

Дақиқаи 70-уми бозӣ ҷараён дорад, ҳисоб ҳамоно 2:2

Дар дақиқаи 73-юми Соҳби Сувонқулов ҳимоятгари дастаи  Тоҷикистон аз ҷаримагоҳи  меҳонон тӯбро ба тӯри дарозаи Афғонистон зад ва дастаашро пеш баровард.

Ҳисоб 3:2

Дар ҳайати дастаи Тоҷиистон бозигари чаҳорум иваз шуд. Ба ҷои Аҳтам Назаров ба майдон Давронҷон Тухтасунов омад.

Дар ҳайати дастаи  Афғонистон аввалин бозигар иваз шуд. Ҳамидуллоҳ Каримиро Мунирулҳаққ иваз намуд. Дар вохӯрии имрӯза то ҳоло танҳо як нафар — Ваҳид Надим, бозигари Афғонистон корти зард гирифтааст.

Ҳоло боз як зарбаи футббобозони тоҷикро дарвозбони афғонитсон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай баргардонд.

Футболбозони тоҷик бештар ҳуҷум мекунанд. Ҳоло сардовар ба бозигари рақами 14-и  Соҳиб Сувонқулов, ки рақибаш Маъруфро зада афтонд, бо нишон додани корти сурх аз  майдон берун кард. Даҳ нафар футболбози тоҷик муқобили 11 бозигари Афгонистон бозӣ мекунанд.

Ҳисоб 3:2 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s