Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Урдун


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии севумаш дар Ҷоми Каспий дар Боку бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ рӯзи 2-юми июн дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Толибов ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукидар сабқати гурӯҳи D дар нахустин бозиашон дар Ҷоми Каспий аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3 ва дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Толибов зада буд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 даста ҷараён дорад. Дастаҳо аввал дар чаҳор гурӯҳ рақобат карданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷом маҳрум шуд. Футболбозони навраси тоҷик дар бозии охирини худ рӯзи 4-уми июн бо мунтахаби Қирғизистон барои ҷойҳои 9-10-ум талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат меварзад. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s