Бозии “Равшан” ва “Истиқлол” – бозии ҳалкунандаи давраи аввал


Рӯзи якшанбе, 9-уми июн бозии охирини даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи Душанбе – “Энергетик” ва ССКА “Помир” баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи мизбон – “Энергетик” бо ҳисоби 2-1 ба охир расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд.Комрони Мирзонаҷот, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 13-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард.

Баъди 14 дақиқа голи дувуми “Энергетик”-ро Алия Силла, легионер аз Гвинея, ба ҳадаф расонд. Субҳон Хоҷамов, ҳимоятгари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро тағйир дод. Ин пирӯзӣ ба “Энергетик» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот се зина боло – ба ҷойи 5-ум барояд.

Ёдовар мешавем, се бозии даври 10-уми мусобиқот рӯзи шанбе, 8-уми июн  баргузор шуда буд. Дар ҳарсе бозӣ мизбонон ғалаба карданд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими меҳмон – «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 9-0 шикаст дод. Дарвоқеъ, ин натиҷа дар мусобиқаи имсола ҳисоби рекордист.

Александр Кудряшов, легионери русиягии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 3, 8 ва 35-ум се гол зада, хет-трик кард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 50-ум ва 60-ум, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 57-ум ва 71-ум дуголӣ, Дилшод Восиев дар дақиқаи 7-ум ва Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилӣ, дар дақиқаи 38-ум якголӣ заданд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Тоҳир Зоиров, бозигари «Истаравшан», баъди хотимаи бозӣ барои дашном додани доварон корти сурх гирифт.

Дар бозии дигар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Мизбонон ба голи дар дақиқаи 25-ум задаи Ҷаҳонгир Алиев дар нимаи дувуми дидор бо ду гол посух доданд. Голҳоро Айдоҳ Наполеон, легионер аз Гана, дар дақиқаи 54-ум ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионер аз Эрон, дар дақиқаи 72-юм ба самар расонданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи «Металлург» тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2-0 мағлуб кард. Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 53-юм ҳисобро кушод. Голи дувумро Комил Саидов дар дақиқаи 90+1 аз ҷаримаи 11-метра зад.

Дар ҳамин ҳамаи ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар ҳамаи 8 бозиашон пирӯз шудаанд, бо 24-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (28-2) дар зинаи аввал ва “Равшан” (14-2) дар зинаи дувум қарор доранд. Дастаи “Хайр” бо 14 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ
 Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Истиқлол» (Душанбе)
8
8
0
0
28-2
24
2
«Равшан» (Кӯлоб)
8
8
0
0
14-2
24
3
«Хайр» (Ваҳдат)
8
4
2
2
13-9
14
4
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
8
4
1
3
8-8
13
5
«Энергетик» (Душанбе)
8
3
1
4
8-10
10
6
«Парвоз» (Б. Ғафуров)
9
3
1
5
7-16
10
7
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
8
2
2
4
6-8
8
8
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
9
2
2
5
4-9
8
9
ССКА «Помир» (Душанбе)
8
0
3
5
3-10
3
10
«Истаравшан» (Истаравшан)
8
0
2
6
3-20
2

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истикқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду – «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр») –  3-тӯбӣ.

То анҷоми давраи аввали мусобиқот чаҳор бозии дигар мондааст. Бозии муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон – “Равшан” ва “Истиқлол”, ки 15-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад, бозии ҳалкунандаи давраи аввали мусобиқот ба шумор меравад.

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
«Хуҷанд» – «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Равшан» – «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Истаравшан» – «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s