Мунтахаби наврасони Туркия – барандаи Ҷоми Каспий


Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Туркия барандаи Ҷоми Каспий-2013 гардид.

Мунтахаби Туркия рӯзи 5-уми июн дар Боку дар бозии ниҳоӣ бар тими  мизбон –  Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Се голи мунтахаби Туркияро Е.Унал (дар дақиқаҳои 23, 39, 68) ва Кан Инкедере (30) ва як голи мизбононро K. Бенҳур (38) заданд.

Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби Ҷопон бар тими Гурҷистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ 0:0) ғолиб омад.

Мавқеи 12 дастаи мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2013:1.Туркия. 2.Озарбойҷон. 3.Ҷопон. 4.Гурҷистон. 5.ИМА. 6.Узбакистон. 7.Уругвай. 8.Булғористон. 9.Тоҷикистон.10.Қирғизистон. 11.Урдун. 12.Қазоқистон.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи D дар нахустин бозиашон дар Ҷоми Каспий аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3 ва дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

Таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии чаҳор бозӣ 5-7 мебошад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат варзид. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам низ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s