“Ӯротеппа” ва “Кӯктош” – пешсафони лигаи аввал


Рӯзҳои 4-5-уми июн бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи аввал оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Ба иттилоъи Рустам Марофиев, муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, мусобиқаи XXII вилоят байни дастаҳои лигаи якум бо ширкати даҳ даста ҷараён дорад. Дар даври ҳаштум дар ду бозӣ мизбонон, дар яктоаш меҳмонон ғалаба карданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

“Ӯротеппа”, пешсафи ҷадвали мусобиқот, то ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад. Дар даври гузашта футболбозони шаҳри Истаравшан ба дарвозаи дастаи мизбон – “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 2 тӯби беҷавоб заданд.
 
Натоиҷи бозиҳои даври ҳаштум:
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Канд» (Конибодом) – 6-1
«Спитамен» (Спитамен) – «Шаҳристон» (Шаҳристон) – 1-0
 “Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 0-2
“Исфара” (Исфара) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 2- 2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ӯротеппа 6 5 1 0 39 – 5 16
2. «Эсхата” 7 5 0 2 20 – 6 15
3. «Мастчоҳ» 6 4 1 1 14 – 11 13
4. «Исфара» 6 3 2 1 14 – 10 11
5. «Зарафшон» 7 3 2 2 11– 9 11
6. «Пахтакор» 6 2 1 3 7 – 10 7
7. «Шаҳристон» 7 2 0 5 9 – 22 6
8. «Спитамен» 7 1 3 3 6 – 23 6
9. «Канд» 6 1 1 4 14 – 20 4
10 “Қайроққум» 6 0 1 5 6 – 24 1

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев – 13 тӯб, Аъзам Ҳусейнов – 12 тӯб, Илҳом Баротов – 7 тӯб (ҳарсе аз «Ӯротеппа»).
 
Бозиҳои даври 9-ум
11-уми июн, сешанбе
“Зарафшон” – “Мастчоҳ”
“Ӯротеппа” – “Исфара”
12-уми июн, чоршанбе
“Шаҳристон” – “Пахтакор”
 “Канд” – “Спитамен”
 13-уми июн, панҷшанбе
“Қайроққум” – “Эсхата”
 
Ҳамчунин бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.   
 
Натоиҷи бозиҳои даври 5-ум:
 
«Пахтакор» (Қубодиён) – «Саройкамар» (Панҷ) – 0-2
«Ҳосилот” (Фархор)  – РТСУ (Душанбе) –  0-3 (техникӣ)
 «Бохтар» (Бохтар) – “Нури Норак” (Норак) – 0-0
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) -– 1-2
 
Бояд гуфт, ки бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар бозӣ бо тими меҳмон – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе (2-юми июн) бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва РТСУ бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуданд. Зеро дар протоколи ин бозӣ Ҳусейн Афзалов ба ҳайси бозигари “Ҳосилот” зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Кӯктош-С», ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз пешсафи ягона мебошад. “Саройкамар”, ки дар се бозӣ ғолиб омада, як бозиро мусовӣ кардааст, бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.  «Ҳулбук», ки баъди се ғалабаи паиҳам дар даври гузашта шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз дар ҷойи севум  аст.
 
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) 4 4 0 0 11 – 4 12
2. Саройкамар” (Панҷ) 4 3 1 0 7-1 10
3. «Ҳулбук» (Восеъ) 4 3 0 1 9– 5 9
4. «Нури Норак» (Норак) 4 2 2 0 3– 1 8
5 РТСУ (Душанбе) 4 2 0 2 5– 6 6
6. «Бохтар” (Бохтар) 4 0 1 3 1– 5 1
7. «Ҳосилот» (Фархор) 4 0 0 4 1 – 8 0
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 4 0 0 4 3 – 10 0

 Голзанҳои беҳтарин: Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 4 тӯб, Сироҷиддин Қурбонов (“Кӯктош-С”), Некрӯз Козимов («Нури Норак») – 3-тӯбӣ.
 
Бозиҳои даври 6-ум
8-уми июн (шанбе), соати 17.30 
РТСУ – «Кӯктош-С»
9-уми июн кшанбе), соати 17.30 
«Нури Норак» – «Ҳулбук”
 «Ҳосилот» – “Пахтакор”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s