Дарвозабони тоҷик дар Ҳолланд тамрин мекунад


Озодагон

Аз 16 то 22 июни соли равон беҳтарин футболбозони чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст!” ба лагери тамринии клуби маъруфи ҳоландӣ, “Аякс” сафар хоханд кард.

Чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст!” аз 22 то 26 майи соли 2013 дар шаҳри Сочи баргузор шуд, ки дар он имсол 20 даста дар ду синну сол аз ҷумҳурии Тоҷикистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Доғистон ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия иштирк карданд. Дар бозии 1/8 финал дастаи шаҳри Душанбе бо дастаи “Надежда”-и Қазон бозиро дар вақти асосӣ 1-1 мусовӣ карда дар натиҷаи иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ (пеналтӣ) дарвозабони бомаҳорати дастаи шаҳри Душанбе-Муҳамадҷон Раҳмонов маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аз 14 зарбаи ҷаримавӣ 13-тоашро баргардонд ва сазовори дарвозабони беҳтарини мусобиқа гардид.

Том Санер намояндаи Клуби маъруфи ҳоландии “Аякс” аз миёни 200 бозигари Чемпионат 15 футболбозро ба унвони “Бехтарин бозигар”интихоб кард, ки дар миёни он дарвозабони дастаи Тоҷикистон Раҳимов Муҳамадҷон шомил аст. Даври аввали машғулиятҳо 16 июни соли 2013 дар истироҳатгоҳи “Истра”-и Масква баргузор мешавад. Тамоми хараҷоти буду бош, сафар ва сару либоси варзишгарро ширкати Мегафон бар уҳда гирифтааст.

Тавре Том Санер намояндаи Клуби маъруфи ҳоландии “Аякс” мегӯяд, “дар Академияи мо мураббиёни барҷаста, Алекс Гирнэрт ва Марко Брагони бо бачаҳо кор мекунанд. Бачаҳо аз Русия ва Тоҷикистон имкон хоҳанд дошт бо мутахассисони ҳақиқии яке аз беҳтарин макотиби футболи ҷаҳон, ки ситораҳоеро мисли Уэсли Снайдер, Йохан Кройфф, Марко Ван Бастен, Деннис Бергкамп тарбия кардааст, тамрин намоянд. Барои “Аякс” муҳим аст, ки имсол ба шарофати ширкати “Мегафон” иштирокчиёни озмуни “Оянда аз ту вобаста аст!” низ дар лагер тамрин мекунанд.”

Чемпионати “Оянда ба ту вобаста аст”соли ҳаштум аст, ки аз ҷониби ширкати Мегафон баргузор мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s