Ғалабаи панҷуми “Кӯктош” дар мусобиқаи лигаи аввал


Бозиҳои даври 6-уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. Пешсафи ҷадвали мусобиқот – дастаи “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонӣ бар тими РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе бо ҳисоби 2 – 0 пирӯз шуд. 

Натоиҷи бозиҳои даври 6-ум:

РТСУ (Душанбе) – «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) – 0 – 2 (Исмоилов, 3, 65)
“Нури Норак” (Норак) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 2 – 1 (Козимов, 20, Наботов, 83 – Мирзоев, 63)
«Ҳосилот” (Фархор) – “Пахтакор» (Қубодиён) – 3 – 0 (Назиров, 13, Сангов, 27, Абдураҳмонов, 78)

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Кӯктош-С», ки дар ҳамаи панҷ бозиаш пирӯз шудааст, бо 15 имтиёз пешсафи ягона мебошад. “Нури Норак”-и Норак, ки дар се бозӣ ғолиб омада, дутоашро мусовӣ кардааст, бо 11 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Саройкамар”-и Панҷ, ки дар се бозӣ ғолиб омада, як бозиро мусовӣ кардааст, бо 10 имтиёз дар ҷойи севум аст. Футболбозони ноҳияи Панҷ як бозӣ камтар кардаанд. Ин се дастаи пешсаф то ҳоло бохт надоранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) 5 5 0 0 13 – 4 15
2. «Нури Норак» (Норак) 5 3 2 0 5– 2 11
3. “Саройкамар” (Панҷ) 4 3 1 0 7-1 10
4. «Ҳулбук» (Восеъ) 5 3 0 2 10– 7 9
5 РТСУ (Душанбе) 5 2 0 3 5– 8 6
6. «Ҳосилот” (Фархор) 5 1 0 4 4– 8 3
7. «Бохтар» (Бохтар) 4 0 1 3 1 – 5 1
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 5 0 0 5 3 – 13 0

Голзанҳои беҳтарин: Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”),  Некрӯз Козимов («Нури Норак») – 4-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 7-ум
12-уми июн (чоршанбе), соати 17.0
“Пахтакор” – РТСУ
“Бохтар” – “Саройкамар”
“Кӯктош+С” – “Нури Норак”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s