“Равшан” дар Кӯлоб “Истиқлол”-ро шикаст дод ва ғолиби давраи аввал шуд


Рӯзи 15-уми июн се бозии даври 11-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ин даври мусобиқот пешсафон, муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон – дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе шоми шанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 20 ҳазор мухлис бо ҳам рақобат карданд. Дар ин бозӣ «Равшан» бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда, бо 27 имтиёз ғолиби давраи аввали мусобиқот гардид.

Голро Течи Соломон, легионери «Равшан» аз Гана, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 38-ум зад. Вай хатти дифои «Истиқлол»-ро рахна кард ва бо дарвозабон  Алишер Тӯйчиев як ба як баромада, тӯбро вориди дарвоза намуд.

Бояд гуфт, ки «Равшан» ягона дастест, ки дар ҳамаи 9 бозиаш пирӯз шудааст.  Дастаи «Истиқлол» бошад, ки дар мусобиқоти имсола аввалин бор шикаст хӯрд,   бо 24 имтиёз дар ҷой дувум қарор дорад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони ин бозиро аз Қирғизистон даъват намуда буд. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Дмитрий Машенсев, ёваронаш Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков буданд.

Барои ҷойи севум дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода талош доранд. “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Душанбе бар дастаи мизбон – ССКА “Помир” бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голи якумроФирӯз Раҳматов дар нимаи аввал ва голи дувумро Шодибек Ғаффоров дар нимаи дувум ба самар расонданд.

Бозии дигари даври 11-ум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаи мизбон – “Хуҷанд” ва “Энергетик”-и Душанбе барпо гардид. Ба голи Муҳаммад Гулипур, легионери эронии “Хуҷанд”, дар нимаи аввал бозигари «Энергетик»Бахтиёр Чориев дар нимаи дувум посух дод – 1-1.

Дастаи “Хайр” бозии охирини давраи аввали мусобиқотро рӯзи якшанбе, 16-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст, анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
4 «Хайр» (Ваҳдат) 8 4 2 2 13-9 14
5 «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6 «Парвоз» (Б. Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 8 0 2 6 3-20 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиклол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду – «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР(“Хуҷанд”) –  3-тӯбӣ.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s