Ковозович аз симмати сармурабии “Истиқлол” барканор шуд


ББС Тоҷикӣ

Раҳбарияти тими футболи “Истиқлол” Никуло Ковозовичро аз вазифаи сармурабии ин тим барканор кард.

Дар ин бора Шоҳрух Саидов, раҳбари тими “Истиқлол” дар мусоҳибаи рӯзи 17-уми июни худ дар сойти расмии тими “Истиқлол” хабар дод.

Оқои Саидов далели барканории Никуло Ковозовичро ғайриқаноатбахш будани натиҷаи бозии тими “Истиқлол” бо тими “Равшан” медонад, ки дар ин бозӣ “Истиқлол” бо ҳисоби 0 -1 бозиро бохт.

Оқои Саидов мегӯяд: “Мо Никуло Ковозовичро аз тасмими худ огоҳ кардем. Албатта дар даврони сармурабигарияш оқои Ковозович натиҷаҳои хубе ҳам аз худ нишон дод. Дар замони раҳбарии ӯ дастаи “Истиқлол” ҷоми Кунфедиросиюни Осиё дар соли 2012 ва медоли брунзи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба даст овард.”

Ҳоло мушахас нест, ки сармурабии тими футболи “Истиқлол” дар даври дувуми мусобиқоти Лиги олии кишвар, кӣ хоҳад буд.

Аммо раҳбарияти ин гурӯҳ гуфта, ки дар зудтарин фурсат сармурабии ҷадид барои ин тим пайдо хоҳанд кард.

Тими футболи “Истиқлол” даври аввали мусобиқоти Лиги олии кишварро бо 24 имтиёз ва касби мақоми дуввум ба поён бурд.

Аммо тими “Равшан”, қаҳрамони даври аввали Лиги олии футболи кишвар бо 27 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Даври дувуми мусобиқоти Лиги олии кишвар 7-уми сентябр шурӯъ хоҳад шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s