Лигаи ҷавонон. “Истиқлол” – ғолиби давраи аввал


Давраи аввали мусобиқоти ҷумҳуриявӣ миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Истиқлол”-и Душанбе хотима ёфт.

Футболбозони ҷавони “Истиқлол”, ки дар бозии охиринашон дар давраи аввали мусобиқот бар дастаи ҷавонони “Равшан” дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1-0 ғалаба карданд, бо 21 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтанд.

Дастаи ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар даври 11-уми мусобиқот дар меҳмонӣ бар ҳайати ҷавонони ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад, бо 21 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст.

Дастаи ҷавонони “Энергетик”-и Душанбе, ки дар шаҳри Хуҷанд тими мизбон – “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод, бо 20 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Дар бозии охирини даври 11-ум дастаи меҳмон – “Хайр”-и Ваҳдат бар ҳайати ҷавонони “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.

Мавқеи дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқот баъди натиҷагирии давраи аввал чунин аст:

Ҷ
Дастаҳо
Бозӣ
Ғалаба
Мусовӣ
Бохт
Тӯбҳо
Имтиёз
 1.
«Истиқлол»(Душанбе)
9
7
0
2
18 – 9
21
 2.
«Регар-ТадАЗ»(Турсунзода)
9
6
3
0
23 – 5
21
 3.
«Энергетик»(Душанбе)
9
6
2
1
 24 – 11
20
 4.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
9
5
2
2
14 – 11
17
5.
«Равшан» (Кӯлоб)
9
4
4
1
19 – 12
16
 6.
«Хайр» (Вахдат)
9
3
0
6
 13 – 18
9
7.
«Истаравшан» (Истаравшан)
9
2
3
4
 11 – 17
9
 8.
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
9
2
0
7
 8 – 26
6
9.
ССКА «Помир» (Душанбе)
9
1
2
6
 9 – 17
5
10.
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
9
0
2
7
 0 – 13
2

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳроҷиддин Музаффаров – «Энергетик» – 13 тӯб, Толиб Султонов («Истиқлол») – 7 тӯб, Сиёвуш Муҳсинов («Истиқлол») – 6 тӯб.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s