Тими футболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонӣ рафт


Лаҳзае аз бозии футболи тимҳои Эрон ва Куреи Ҷанубӣ

Тими миллии футболи Эрон бо пирӯзии як бар сифр дар муқобили тими Куреи Ҷанубӣ дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ муваффақ шуд ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот, ки дар соли 2014 дар Бразил баргузор мешавад, роҳ биёбад.

Эрон ба ин тартиб бо 16 имтиёз ба унвони тими аввали гурӯҳи худ ба марҳалаи ниҳоӣ рафт.

Куреи Ҷанубӣ ҳам ба унвони тими дувум суъуд кард.

Дар бозии дигаре аз ин гурӯҳ, ки ҳамзамон бо бозии Эрон ва Куре баргузор шуд, тими Узбакистон бо натиҷаи пургули 5 бар як меҳмони худ Қатарро шикаст дод. Аммо ин натиҷа ҳам натавонисти Узбакистонро мустақиман ба Ҷоми ҷаҳонӣ бифиристад ва бо имтиёзи мусовӣ бо Куреи Ҷанубӣ, аммо ба далели тафозили камтар дар радаи сеюми ҷадвал ҷой гирифт.

Узбакистон бо ин натиҷа бояд дар марҳалаи пулиоф бо барандаи бозии Умон ва Урдун бозӣ кунад.

ББС Тоҷикӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s