Муҳаммад Султонов беҳтарин ҳамлагари мусобиқаи футболи Русия дар дивизиони дуюми минтақаи “Ғарб” дар мавсими 2012/2013 эътироф шудааст.

Муҳаммади 21-сола дар клуби «Локомотив-2»-и Маскав бозӣ мекунад. Расонаҳои марбут ба футболи Русия ҳамеша аз ӯ ба унвони бозигари ояндадор тавсиф кардаанд. 10 голи задаи Муҳаммадро дар ҳайати ин бошгоҳ баъд аз таътили зимистона коршиносон аз дастовардҳои ӯ арзёбӣ мекунанд.

Муҳаммад Султонов 22-юми декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳоло шаҳрвандии Русияро дорад.

Ӯ дар ҳайати тими ҷавонони Русия дар сабқати футбол ба хотираи Лобанов дар Украина бозӣ кардааст. Қаҳрамони Русия миёни бозингарони соли таваллуди 1992 мебошад. То ба ҳайати “Локомотив-2” омадан, бозингари тими миллии ҷавонони ССКА буд.

Ozodagon

Advertisements