Истиқлол бо легионераш ҳам «хайру хуш» кард


Бо анҷоми даври аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ тими «Истиқлол»-и Душанбе бо легионери русиягӣ Роберт Жилин «хайру хуш» кардааст.

Шоҳрух Саидов, президенти клуб гуфтааст, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бозингари русиягӣ интизороти аз ӯ доштаро бароварда накард. Гуфта мешавад, Жилин бо эҳтимоли зиёд идомаи карераашро дар клуби ССКА «Помир»-и Душанбе идома медиҳад. 

15-уми июн дар аввалин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Баъди ин бохт масъулони бошгоҳи “Истиқлол” Никола Кавазович, сармураббии ин дастаро аз мақомаш барканор карданд. Шоҳрух Саидов, президенти клуб далели барканории Кавазовичро дар суҳбат ба торнамои «Истиқлол» «натиҷаи ғайриқаноатбахши кори ӯ» гуфт.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s