Оғози мубориза барои Ҷоми ФФТ


Рӯзи якшанбе, 23-юми июн мусобиқа барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) – 2013 шурӯъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ мусобиқа аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа – Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад. 

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки аз 23 то 28-уми июн дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир мешавад, 4 даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат меварзанд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз минтақаҳои Душанбе ва Суғд ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар хона ва меҳмонӣ барпо мегарданд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ

Минтақаи Душанбе.

Даври 1-ум

23 июн (якшанбе)
«Кӯктош» – «Хайр»

24 июн (душанбе)
«Истиқлол» – ССКА «Помир»

Даври 2-юм

25 июн (сешанбе)
«Хайр» – «Истиқлол»

26 июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» – «Кӯктош»

Даври 3-юм

27 июн (панҷшанбе)
«Кӯктош» – «Истиқлол»

28 июн (ҷумъа)
«Хайр» – ССКА «Помир»

Оғози бозиҳо – соати 18:00

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s