Ду футболбози тоҷик дар Русия аз санҷиш мегузаранд


Ду бозигари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон – нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Ҷалилов дар бошгоҳҳои лигаи аввали Русия аз санҷиш мегузаранд.

Нуриддин Давронов дар бошгоҳи «Уфа»-и Бошқирдистон, ки ба он собиқ бозигари мунтахаби Русия Игор Коливанов раҳбарӣ мекунад, дар ду бозии санҷишӣ муқобили дастаи дивизиони дувуми Русия, минтақаи “Ғарб” – КФ «Долгопрудний» (0:1) ва бошгоҳи лигаи аввали Русия – «Торпедо»-и Маскав (4:3) ширкат дошт.

Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Ҷалилов дар ҳайати дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск, ки дар он бародарон Алишер ва Манучеҳр Ҷалиловҳо бозӣ мекунанд, дар бозии санҷишӣ бо мунтахаби донишҷӯёни Ҷопон (1:3) ҳунарнамоӣ кард. Дар айни ҳол Ҷаҳонгир ҳамроҳи «Нефтехимик» дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста пеш аз мавсими нав дар шаҳри Минск иштирок дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s