Ҷоми ФФТ-2013: Пирӯзии “Хайр” бар “Кӯктош”


Рӯзи якшанбе, 23-юми июн мусобиқа барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) – 2013 шурӯъ шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Ozodi

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ мусобиқа аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа – Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки то 28-уми июн дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир мешавад, 4 даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат меварзанд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз минтақаҳои Душанбе ва Суғд ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар хона ва меҳмонӣ барпо мегарданд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар нахустин бозии даври аввали мусобиқот тими “Хайр” бо раҳбарии сармураббии нави даста Рустам Хоҷаев бар тими “Кӯктош-С” бо ҳисоби бузурги 5:2 ғалаба кард. Голҳо: Алишер Ӯлмасов, 27 (0:1). Ҳаким Амроҷонов, 31 (1:1). Баҳодур Шарифов, 53 – аз пеналтӣ (1:2). Мирзобек Мирзоев, 58 (1:3). Мирзобек Мирзоев, 66 (1:4). Идибек Ҳабибуллоев, 73 (1:5). Ҳаким Амроҷонов, 83 (2:5).
23-юми июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 4000 тамошогар

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ
Минтақаи Душанбе.

Даври 1-ум
23-юми июн (якшанбе)
«Кӯктош-С» – «Хайр» – 2:5
24-уми июн (душанбе)
«Истиқлол» – ССКА «Помир»

Даври 2-юм
25-уми июн (сешанбе)
«Хайр» – «Истиқлол»
26-уми июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» – «Кӯктош-С»
Даври 3-юм
27-уми июн (панҷшанбе)
«Кӯктош-С» – «Истиқлол»
28-уми июн (ҷумъа)
«Хайр» – ССКА «Помир»
Оғози бозиҳо – соати 18:00

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s