Давраи аввали мусобиқоти лигаи якум оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо пирӯзии дастаи “Ӯротеппа”-и Истаравшан хотима ёфт.

Ба иттилои Рустам Марофиев, муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, дастаи “Ӯротеппа” ягона дастаест, ки бохт надорад ва бо 23 имтиёз дар давраи аввали мусобиқот ғолиб шуд. Тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо 21 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаи “Исфара”-и Исфара бо 17 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Натоиҷи бозиҳои даври 11-ум:

“Пахтакор”  (Ҷаббор Расулов) – “Эсхата”(Хуҷанд) – 2:3
“Исфара” (Исфара) – “Қайроққум” (Қайроққум) – 5:0
“Мастчоҳ” (Мастчоҳ) – “Канд” (Конибодом) – +:- бохти техникӣ
“Зарафшон” (Панҷакент)  –  “Ӯротеппа” (Истаравшан) – 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ӯротеппа” 9 7 2 0 47 – 7 23
2. «Эсхата” 9 7 0 2 32– 8 21
3. «Исфара» 9 5 2 2 22– 12 17
4. «Мастчоҳ» 9 5 1 3 17 – 20 16
5. «Зарафшон» 9 4 3 2 18 – 14 15
6. «Пахтакор» 9 4 1 4 21 – 14 13
7. «Спитамен» 9 3 3 3 17 – 25 12
8. «Шаҳристон» 9 2 0 7 10 – 27 6
9. «Канд» 9 1 1 7 16 – 33 4
10. “Қайроққум» 9 0 1 8 6 – 46 1

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев (Ӯротеппа) – 16 тӯб, Аъзам Ҳусейнов (“Ӯротеппа”) – 13 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов (“Эсхата”) – 12 тӯб, Илҳом Баротов («Ӯротеппа») – 11 тӯб.

Advertisements