Аввалин бозии байналмилалии дастаи “Энергетик”-и Душанбе


Дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон – “Энергетик”-и Душанбе бо тими «AV Football Academy»-и Нигерия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, хабар дод. Вай гуфт, «AV Football Academy», бошгоҳи футболи ҳирфаӣ аз Нигерия, дар доираи сафари худ ба кишварҳои ҷаҳон ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбе омад. Футболбозони африқоӣ дар аввалин бозии дӯстонаи худ дар Тоҷикистон бо тими «Энергетик» рақобат мекунанд. Дарвоқеъ, ин барои дастаи «Энергетик» аввалин бозии байналмилалӣ ба шумор меравад. Мухлисони футболро ба тамошои ин бозии таърихӣ даъват мекунем.”

Бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаи “Энергетик” ва тими «AV Football Academy» дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе рӯзи шанбе, 29-уми июн соати 17:30 шурӯъ мешавад.

“Энергетик”-и Душанбе  баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар 9 бозӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар миёни 10 дастаи лигаи олӣ дар мақоми 5-ум қарор дорад.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s