Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ҳинд


Федеросиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи гузаронидани бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозӣ 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, соати 17.00 шурӯъ мешавад. 

Мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба ин бозӣ иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Мубин Эргашев (сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд) омода мекунад.

Тоҷикистон феълан дар рейтинги ФИФА дар мақоми 112-ум қарор дорад. Ҳиндустон дар ин раддабандӣ дар зинаи 147-ум аст.

Тими миллии Тоҷикистон 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар як бозии дӯстона бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев дар дақиқаи 17-ум, Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 44-ум (аз ҷаримаи 11-метра) ва Соҳиб Сувонқулов дар дақиқаи 74-ум ба самар расонданд.

Ду голи мунтахаби Афғонистонро Ҳашматуллоҳ Борикзай дар дақиқаи 5-ум ва Ҳамидуллоҳ Каримӣ дар дақиқаи 41-ум вориди дарвозаи мизбонон карданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s