Зокир Бердиқулов – сармураббии нави «Истаравшан»


Зокир Бердиқулов сармураббии нави дастаи футболи лигаи олӣ – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан таъин шуд.

Зокир Бердиқулов дар ин вазифа Шӯҳрат Шамсиевро иваз кард. Бояд гуфт, ки Зокир Бердиқулов яке аз футболбозони маъруфи кишвар аст. Ӯ соли 1995 дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 42 тӯб беҳтарин голзан гардида буд, ки то ҳоло ин натиҷаи беҳтарин аст. 

Ба ҷуз сармураббӣ, раиси бошгоҳи футболи «Истаравшан» низ иваз шуд. Ба ин вазифа соҳибкори маҳаллӣ Искандар Тӯраев таъин гашт. Сармураббии собиқи даста Шӯҳрат Шамсиев акнун вазифаи мудири иҷроияи бошгоҳи «Истаравшан»-ро ба зимма дорад.

Ёдовар мешавем, ки “Истаравшан” дар давраи аввали мусобиқаи лигаи олии кишвар пирӯзӣ ба даст наовард ва бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – 10-ум қарор дорад.

Ба иттилои Асрор Шораҷабов, муовини раиси бошгоҳи “Истаравшан”, пеш аз оғози давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон даста мақсад дорад, ки ҳайаташро аз ҳисоби бозигарони нав пурқувват намояд. Дар ин самт ҳоло гуфтушунид бо футболбозони нав идома дорад.

Ин панҷумин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсола дар лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Аз ин пеш Юсуф Абдуллоев («Хайр»-и Ваҳдат), Ҳусейн Шодиев (ССКА «Помир»-и Душанбе), Маҳмадҷон Ҳабибуллоев («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода) ва Никола Кавазович («Истиқлол»-и Душанбе) аз вазифаашон барканор шуда буданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s