Фарҳод Восиевро “Газовик”-и Оренбург даъват кард


Фарҳод Восиев, ҳимоятгари 23-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, метавонад дар дастаи дивизиони аввали Русия – «Газовик»-и Оренбург бозӣ кунад.

Дастаи «Газовик» баъди як сол боз ба Лигаи миллии футболи Русия (дивизиони аввал) баргашт. Дар ҳамин ҳол ба ин даста, ки дар Маҷористон тамрин мекунад, Фарҳод Восиев пайвастааст.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан буд.

Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст. Соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли  2011 узви дастаи «Шинник»-и Ярославл буд.

Фарҳод Восиев, ки инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфтааст, аз моҳи январи соли 2013 дар дастаи “Волгар”-и Астрахан, дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекард, вале ин даста аз рӯи натиҷагирии мавсими гузашта ба дивизиони дувум гузашт.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст.

Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s