Таърихи Ҷоми қораҳо


Соҳиби секаратаи Ҷоми қораҳо мунтахаби Бразилия барои нахустин бор мизбони ин сабқат гардид. Ин бор мунтахабҳои Итолиё, Испониё, Уругвай, Ҷопон, Мексико, Таитӣ ва Нигерия меҳмони кишвари Пеле гардиданд. Аз миёни ин ҳама, исми аз ҳама ҷолиб Таитӣ буд, ки шояд дигар даҳсолаҳои наздик дидор бо Испанияро дар хоб бибинад.

Хуб, дар нимниҳоӣ Бразилия бар Уругвай ва Испониё бар Итолиё пирӯз омаданд ва тамоми ҷаҳони футбол шод буд, ки Бразилияву Испониёро дар бозии ниҳоӣ мебинад.

Вале, қаҳрамони бозиҳои ҳалкунанда Фред бо ду голаш ва исми рақами яки ин сабқат Неймар бо як голаш шоҳи футболро шох шикастанд.

———————————————————————————————————-

Дар соли 2009 аввалин бор мизбонии Ҷоми қораҳоро ба Офриқо доданд ва аввалин бор фосиларо чаҳор сол гузоштанд.

Бар иловаи Офриқои ҷанубӣ, дар майдонҳои он ҷо боз Бразилия, Ироқ, Миср, Итолиё, Зеландияи Нав, Испониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро диданд.

Дар гурӯҳи аввал ҳеҷ сенсатсияе нашуд ва Испониё ҳамроҳ бо мизбонон Ироқу Зеландияро бозгашт ба ватанашон фиристоданд.

Дар гурӯҳи Б Бразилия Итолиёву ИМА ва Мисрро шикаст дод. Вале дигарҳо байни ҳам аҷиб бозие карданд. Итолиё Омрикоро шикаст дод, Омрико Мисрро ва Миср Итолиёро. Ҳар се се холӣ гирифтанд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо ИМА ба даври нимниҳоӣ гузашт.

ИМА бо азобе ба даври нимниҳоӣ гузашт ва дар он ҷо ба Испониё нишон дод, ки нодида гирифтани рақиб чӣ оқибате ба бор меорад. Ду гол дар ҳар қисмати бозӣ Омрикоро барои нахустин бор дар таърихаш ба чунин қуллаи муроди ҷаҳонӣ баровард. Дар бозии дигар Дани Алвеш чанд лаҳза пш аз ҳуштаки довар чашмони офриқоиҳои ҷанубиро гирен кард.

Бозӣ барои ҷойи саввум миёни Испониё ва Офриқои Ҷанубӣ драма буд. Мфела дар дақиқаи 73-бм варзишгоҳро аз шодӣ тарконид, вале офриқоиҳо боз ҳам дар дақиқаи 88-ум гол сар доданд. Гуиза маҳорате фавқулода нишон дод ва ҳамагӣ як дақиқа пас боз голи дигаре зад ва дигар мардум доштанд варзишгоҳро тарк мекарданд. Беҳуда! Дар дақиқаи саввуми иловгаӣ боз ҳам Мфела даҳонҳоро воз кард ва ба бозӣ 30 дақ илова кард. Вале дар вақти иловагӣ Хавӣ ба ин драма хотима гузошт.

Бозии ниҳоӣ низ хеле ҷолиб буд. Аллакай дар ним соати аввал омрикоиҳо ду бор дарвозабони Бразилияро водор карданд, ки тӯбро аз дарвозааш бигирад. Аммо дар қисмати дуввуми бозӣ се тӯб хӯрданд ва боз ҳам Бразилияро соҳиби Ҷом карданд.

——————————————————————————-

Дар соли 2005 Олмон мизбони Ҷоми қораҳо буд ва ҳафт мунтахаби дигари ширкатдор инҳо буданд: Аргентина, Австралия, Бразилия, Юнон, Ҷопон, Мексико, Тунис.

Дар гурӯҳи “А” Аргентинаву Олмон бо ҳам мусовӣ карданду дигарҳоро титу пора. Ду роҳхати гурӯҳи “Б”-ро бошад, Бразилияву Мексико ба осонӣ ба даст оварданд.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ Бразилия соҳибони майдонро бо душворӣ ва Аргентина Мексикоро танҳо аз рӯи ҷаримаҳои 11-метраи пас аз бозӣ шикаст доданд.

Оҳ, магар бозии ҷолибтаре аз дидори Бразилияву Аргентина дар ниҳояти сабқат фикр карда мешавад? Вале ҳамаи ҷолибияти бозӣ аллакай дар қисми аввал анҷом ёфт. Адриано ва Кака мунтахабҳоро бо ҳисоби 2:0 ба танаффус фиристоданд. Бо оғози қисми дуввум Роналдинё ва Адриано ба Аргентина кӣ буданашро нишон доданд. Кишвари танго танҳо бо як гол дар анҷоми бозӣ посух гуфту халос.

—————————————————————————

Дар соли 2003 Фаронса мизбони Ҷоми қораҳо гардид. Ин бор бар иловаи мизбонон боз Бразилия, Камрун, Колумбия, Ҷопон, Зеландияи Нав, Туркия ва ИМА меҳмони Ҷом гардиданд.

Аз гурӯҳи аввал Фаронса ва Колумбия ба нимниҳоӣ баромаданду Зеландияи Нав ва Ҷопон ба хонаашон баргаштанд.

Ду роҳхати гурӯҳи дигарро Туркия ва ва Камерун ба даст оварданд. Аз ин гурӯҳ набаромадани ИМА агар фаҳмо бошад, афтидани Бразилия барои ҳама ғайримунтазира буд. Афсонасозони футбол аз Камерун шикаст хӯрданд, бар Омрико пирӯз омаданд ва бо Туркия мусовӣ карданд. Воқеан, яке аз голҳои туркҳоро ба дарвозаи бразилияиҳо Караденизи “Рубин” зад.

Карадениз дар бозии нимниҳоӣ низ ба дарвозаи Фаронса гол зад, вале он бозиро туркҳо бо ҳисоби 2:3 бохтанд ва дар бозӣ барои ҷойи саввум бар Колумбия ғолиб омаданд.

Бозии ниҳоиро бошад Фаронса аз дасти Камерун бигрифт ва барои дуввумин бор пайидарҳам ғолиби Ҷоми қораҳо гардид.

———————————————————————

Дар нахустин Ҷоми қораҳои асри 21, дар соли 2001, аввалин бор ва то ҳол охирин бор ду кишвар мизбонаш гардиданд – Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ.

Бар иловаи ин ду мизбон дар сабқат иштирок карданд: Австралия, Бразилия, Камерун, Канада, Фаронса ва Мексико.

Дар гурӯҳи аввал Фаронса, Австралия ва Корея шаш холӣ гирифтануд Мексика ҳеҷ ва аз рӯи таносуби тӯбҳо мизбонон паси дари хона монданд. Дар гурӯҳи дигар Ҷопон ҷойи аввалро гирифт ва Бразилия ҷойи дуввумро.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ Ҷопон бар Австралия ва Фаронса бар Бразилия пирӯз омаданд. Бразилия баъдан бозӣ барои ҷойи саввумро низ ба Австралия бохт.

Дар бозии ниҳоӣ Фаронса бо як голи Патрик Вейра самсунгсозонро шикаст дод ва соҳиби Ҷоми қораҳо гардид.

—————————————————————–

Дар соли 1999 аввалин бор мизбони Ҷоми қораҳо иваз гардид. Ин ҳақро бар Мексика доданд.

Бар иловаи авлодони майя боз Саудӣ, Миср, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Зеландияи Нав ва Бразилияву Боливия дар сабқат иштирок карданд.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ Мексика бар ИМА бо ҳисоби 1:0 ва Бразилия бар Саудӣ бо ҳисоби 8:2 ғолиб омаданд. Роналдинё дар ин бозӣ се гол зада буд.

Вале дар бозии ниҳоӣ Роналдинё низ ба бразилиягиҳо ёрӣ надод. Дар як триллере Мексико бо ҳисоби 4:3 пирӯз омада, 110,000 мухлис дар варзишгоҳашро бо Ҷоми қораҳо шод гардонид.

————————————————————–

Соли 1997 низ боз ҳам шайхони Саудӣ барои маротибаи севвум пайидарҳам долларҳои нафтолуди худро барои баргузории Ҷоми қораҳо сарф карданд.

Ин бор, шумори мунтахабҳо то ба ҳашт расид (Австралия, Бразилия, Чехистон, Мексико, Саудӣ, Офриқои ҷанубӣ, Иморот, Уругвай) ва онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо карданд.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ голҳои Ромариро (ӯро ёд доред?) ва Роналдо (-и ҳақиқӣ) чехҳоро ба Прага фиристоданд ва кенгурупарварон сенсатсионӣ Уругвайро дар замони иловагӣ шикаст доданд.

Австралия дар бозии ниҳоӣ се гол аз Роналдо ва се голи дигар аз Ромарио хӯрд ва Бразилия бо ҳисоби 6:0 пирӯз омада, аввалин бор Ҷоми қораҳоро ба даст овард. Ромарио бо ҳафт гол беҳтарин голзани сабқат дониста шуд.

—————————————————————-

Дар соли 1995 боз ҳам Арабистони Саудӣ мизбони Ҷоми қораҳо буд. Ин бор шумори мунтахабҳо то ба шаш адад расид: Аргентина, Дания, Ҷопон, Мексика, Нигерия ва Арабистони Саудӣ.

Дар бозии ниҳоӣ Дания ва Аргентина бо ҳам омаданд ва боз ҳам скандинавиҳое, ки сенсатсионӣ қаҳрамони Аврупо шуда буданд, ин бор ҳам қаҳрамоние дигар нишон доданд ва Аргентинаро шикаст дода, дуввуми Ҷоми қораҳоро низ ба даст оварданд. Нахустин голро, воқеан, Микаэл Лаудруп, ситораи футболи Дания ва собиқ сармураббии Спартаки Маскав зада буд.

—————————————————————-

Нахустин сабқати Ҷоми қораҳо соли 1992 дар Арабистони Саудӣ бо ширкати чаҳор мунтахаб баргузор гардида буд.

Дар бозиҳои нимниҳоӣ мизбонон омрикоиҳоро бо ҳисоби 3:0 ва Аргентина қаҳрамони Офриқо Соҳили Оҷро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд.

Бозӣ барои ҷойи саввумро ИМА бурд. Дар бозии ниҳоӣ дар ҳузури 75,000 мухлис Аргентина бо Клаудио Каниҷҷа, Габриел Баттистута ва Диего Симеоне саудиҳоро ба осонӣ шикаст дод ва аввалин пирӯзи Ҷоми қораҳо гардид.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s