Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин довари мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишварро дар моҳи июн муайян кард.

Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ваДиловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар қароргоҳи ФФТ ба беҳтаринҳои моҳи июн ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз БразилияВиллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуда буданд.

Advertisements