Олег Ширинбеков сармураббии “Истиқлол” таъйин шуд


Олег Ширинбеков сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъйин шуд.

Ба иттилои сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқол»-и Душанбе Фаридун Солиев, Олег Ширинбеков аз нимаи дувуми мавсим ба ин даста раҳбарӣ хоҳад кард. 

Раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқол” бо ин мутахассиси 49- сола, ки пеш аз ин дар бошгоҳои «Торпедо-Зил», «Сатурн-RenTV» инчунин мураббӣ- селексионери ССКА-и Маскав фаъолият кардааст, қарордод имзо намудааст.

Олег Ширинбеков, ки дар дастаи «Помир»-и Душанбе, «Торпедо»-и Маскав ва мунтахаби Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ кардааст, рӯзи 2-юми июл бо раиси бошгоҳи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов ва мудири кулли ин бошгоҳ Муродҷон Умаров мулоқот кард. Дар ҷараёни ин сӯҳбат нақшаҳои даста барои нимаи дувуми мавсими футболи имсола ва роҳҳои рушди минбаъдаи ин бошгоҳ баррасӣ шуд. Олег Ширинбеков ба вазифаи худ аз 17-уми июл, вақте, ки «Истиқлол» аз рухсатӣ бармегардад, ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон омодагиро шурӯъ мекунад.

Олег Ширинбеков 11-уми сентябри соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1984 ба ҳайати «Помир»-и Душанбе дохил шуд ва дар муддати се сол 96 бозӣ карда, 11 гол задааст. Соли 1987 Ширинбеков ба дастаи «Торпедо»-и Маскав қабул шуд ва дар ҳайати он дар чемпионати СССР  ва Русия 158 бозӣ карда, 13 гол задааст. Баъдан Ширинбеков дар дастаҳои «Вашаш»-и Маҷористон ва «Торпедо -ЗИЛ» ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ соли 1988 барандаи медали биринҷии чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1988, 1989 ва 1991 финалисти Ҷоми СССР гардидааст. Вай соли 1988 ба рӯйхати 33 футболбози беҳтарини СССР дар мавсим дохил шудааст. Ширинбеков моҳи ноябри соли 1988 дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ се бозӣ анҷом додааст. Вай солҳои 1996-1997 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобили тимҳои миллии Узбакистон ва Куриёи Ҷанубӣ бозӣ кардааст.  Олег Ширинбеков бозигари хеле моҳир ва зарбаҳояш сахту нишонрас буд.

Олег Ширинбеков дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ман дар айни ҳол дар Академияи футболи бошгоҳи ССКА-и Маскав ба ҳайси мураббии кӯдакону наврасон кор мекунам. Чанд рӯз пеш аз ҷониби раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба ман пешниҳод шуда буд, ки ба вазифаи сармураббии даста розигӣ диҳам. Мо аввалан дар Маскав вохӯрдем, гуфтушуниди мо хуб анҷомид ва ман розигӣ додам. Рӯзи 2-юми июл ба Душанбе омада, бо раиси бошгоҳи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов мулоқот кардам ва баъдан ба қарордод имзо гузоштам. Инчунин пешниҳоди Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро пазируфтам, яъне ман ҳамзамон ёвари ӯ маҳсуб мешавам. Ба вазифаҳои нави худ аз нимаи дувуми моҳи июл шурӯъ хоҳам кард. Аз ин пеш ман ду сол муқаддам ба Душанбе омада будам. Ман ду бозии “Истиқлол”-ро дар чемпионати Тоҷикистон, ки дар ҳардуяш бо ҳисобҳои бузург пирӯз шуда буд, тамошо кардам. Он вақт сармураббии даста Олимҷон Рафиков буд. Дар дастаи “Истиқлол” дар назди мо танҳо як вазифа -пирӯзӣ дар ҳамаи мусобиқот – гузошта шудааст.”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s