Семинари доварони футбол дар Норак


Имрӯз, 1-уми июл, дар шаҳри Норак семинари доварони футбол таҳти сарпарастии ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол) шурӯъ шуд .

Ба ин семинар Мӯҳсин Ориф аз Шри-Ланка, мудири департаменти ФИФА оид ба рушди доварӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, раҳбарӣ мекунад. Мушовири ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Узбакистон мушовири техникӣ ва Ганесан Маниамаз Сингапур мушовир оид ба фитнес маҳсуб мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар семинари панҷрӯза 30 довари тоҷик ва 5 мушовири маҳаллӣ ширкат доранд. Ба барномаи семинар машғулиятҳои назариявию амалӣ дохиланд, ки ба доварон барои баландшавии донишашон кӯмак мекунанд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ширкаткунандагони семинар дар варзишгоҳи «Барқ»-и Норак аз санҷиш мегузаранд.

Дар маросими кушоиши семинар Мӯҳсин Ориф иброз дошт, ки семинари мазкур барои рушди доварӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Ба гуфтаи ӯ вақтҳои ахир ФИФА ба масоили доварӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад.

ФИФА ширкаткунандагони семинарро бо маводи таълимӣ ва либоси варзишӣ таъмин намудааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s