2 июл-Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ


Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад.

Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, “AIPS – ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст.

Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои AIPS мебошанд. AIPS миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АIPS дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти AIPS мебошад.”

Ба гуфтаи Н. Латифов Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ узви Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ мебошад. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми AIPS, ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шудааст.

“Аҳдофи аслии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад,” – иброз дошт Нарзулло Латифов.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s