Бозии дӯстонаи “Истаравшан” бо «AV Football Academy» аз Нигерия


Дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон – “Истаравшан”-и Истаравшан бо тими «AV Football Academy»-и Нигерия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ин бозии дӯстонаи байналмилалӣ рӯзи шанбе, 6-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони африқоӣ дар аввалин бозии дӯстонаи худ дар Тоҷикистон 29-уми июн аз тими «Энергетик» мағлуб шуда буданд. Замони асосии ин бозии дӯстона бидуни гол хотима ёфт. Дастаи ғолибро силсилаи пеналтӣ муайян кард. Футболбозони “Энергетик” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Бошгоҳи футболи «Истаравшан», ки бо раҳбарии Зокир Бердиқулов, сармураббии нави даста, ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар омодагӣ мебинад, ҳайаташро бо се бозигари тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров – нимҳимоятгарон Сӯҳроб Эгамбердиев, Нодирбек Маъмиров ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, инчунин, нимҳимоятгари «Ӯротеппа» Илҳом Баротов пурра намуд.

Ба ғайр аз ин, ба даста се легионер аз Узбакистон – ҳимоятгар Азамат Комилҷонов, нимҳимоятгар Бурҳон Шодиёров ва ҳамлагар Ҷавлон Рустамов даъват шудаанд.

Дастаи «Истаравшан» бо сарварии  раиси нави бошгоҳ Искандар Тӯраев мақсад дорад, ки дар давраи дувуми мусобиқот бозии хуб нишон дода, мавқеашро дар ҷадвали мусобиқот боло кунад. Дар ҳамин ҳол «Истаравшан» бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – 10-ум қарор дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s