Оғози бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ФФТ


Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имрӯз, 5-ум июл баргузор мегардад.

Дар даври ниманиҳоӣ ду дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд қувваозмоӣ мекунанд.

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бо клуби “Эсхата” -и Хуҷанд дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба сабқат мебароянд. Дастаи “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо тими “Хайр”-и Ваҳдат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан вориди майдон мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоӣ рӯзи 8-уми июл баргузор мегардад. Клуби “Эсхата” бо дастаи ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Дастаҳои “Хайр” – “Далерон-Ӯротеппа” дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ хоҳанд кард. Бозиҳои аввал соати 18:00 ва бозиҳои ҷавобӣ бошад соати 17:00 шурӯъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастае, ки барандаи “Ҷоми ФФТ” мешавад 20 ҳазор сомонӣ ва дастае, ки дар бозии ниҳоӣ шикаст мехӯрад соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешавад.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s