Пирӯзии ССКА «Помир» бар “Эсхата” ва “Далерон-Ӯротеппа” бар «Хайр»


Рӯзи 5-уми июл бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2013 баргузор шуданд.

Дар даври ниманиҳоӣ ду дастаи беҳтарини мусобиқаи минтақаи Душанбе – ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан рақобат карданд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА «Помир» – “Эсхата”, ки дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голҳои ССКА “Помир”-ро Субҳон Хоҷамов (15)Шуҷоат Неъматов (38) ва Фирдавс Чақалов (90+2) ба ҳадаф расонданд.

Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Далерон-Ӯротеппа” – «Хайр» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Голи ягонаро дар ин бозӣ Аъзам Ҳусейнов, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 9-ум ба дарвозаи “Хайр” зад.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи душанбе, 8-уми июл миёни дастаҳои “Эсхата” – ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Хайр” – “Далерон-Ӯротеппа” дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 17 оғоз меёбанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s