ССКА «Помир» ва «Хайр» – дар финали Ҷоми ФФТ


8-уми июл бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2013 баргузор шуданд.

Дар даври ниманиҳоӣ ду дастаи беҳтарини мусобиқаи минтақаи Душанбе – ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан рақобат карданд.

Бозии ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Эсхата” – ССКА “Помир”, ки дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт. Голи ягонаро бозигари ССКА “Помир” Шамсиддин Қосимов ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввал миёни дастаҳои “Эсхата” ва ССКА «Помир», ки 5-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати дифои Тоҷикистон баргузор шуда буд, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голҳои ССКА “Помир”-ро Субҳон Хоҷамов (15), Шуҷоат Неъматов (38) ва Фирдавс Чақалов (90+2) ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ ССКА “Помир” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 4:0 ғолиб шуд ва ба финал баромад.

Бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Хайр” ва “Далерон-Ӯротеппа”, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 ба охир расид. Голҳоро Мирзобек Мирзоев (11), Иброҳим Муҳаммад (33) ва Маҳмадлоиқ Нуриддинов (37) заданд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Далерон-Ӯротеппа” – «Хайр» 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуда буд. Голи ягонаро дар ин бозӣ Аъзам Ҳусейнов, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 9-ум ба дарвозаи меҳмонон зад. Дастаи «Хайр» низ аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб дастаҳои ССКА “Помир” ва “Хайр” дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ талош хоҳанд кард. Маблағи  ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s