Оё медонед, ки нахустин қаҳрамони ҷаҳон миёни бистсолаҳо Иттиҳоди Шӯравӣ буд? Аввалин сабқат соли 1977 дар Тунис баргузор гардида буд ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимниҳоӣ аз рӯи зарбаҳои 11-метра бар Уругвай ва дар бозии ҳалкунанда боз ҳам аз рӯи пеналтӣ бар Мексика пирӯз омаданд. Владимир Бессонов беҳтарин бозигари сабқат дониста шуд.

——————————————–

Дар соли 1979 мизбони сабқат Ҷопон гардид ва Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам ба бозии ниҳоӣ баромад. Вале ин бор шӯравиён аз ҷавонҳои Аргентина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Яке аз голҳоро медонед кӣ зад? Диего Армандо Марадона! Марадона он сол Марадона бо шаш голаш беҳтарин бозигари сабқат ва ҳамдастааш Рамон Диаз беҳтарин голзан гардиданд.

——————————————–

Мизбонии саввумин сабқати ниҳоии Ҷоми Ҷаҳони бистсолаҳоро ин бор боз ҳам ба кишвари ғайрифутболӣ – Австралия доданд. Вале дар ин ҷо як кишвари ғайрифутболии дигар сенсатсия нишон дод. Қатар аввал аз гурӯҳе Лаҳистон ва ИМА-ро паси сар карда, ҳамроҳ бо Уругвай баромад.

Дар бозии чаҳорниҳоӣ Қатар се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ голи саввумро зад ва бо ҳисоби 3:2 бар … Бразилия пирӯз омад. Дар бозии нимниҳоӣ шайхони он замон кампули араб бар Инглистон низ пирӯз омаданд ва танҳо дар бозии ниҳоӣ арабҳоро Олмон ба ҷояшон бо ҳисоби 4:0 нишонд.

—————————————————

Дар соли 1983 бозиҳо дар Мексика мегузаштанд ва ин бор бинандаҳои бози ниҳоӣ шоҳиди Эл-Классико гардиданд: Бразилия бар зидди Аргентина! Бразилия бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад.

Дар ин сабқатҳо Иттиҳоди Шӯравӣ низ иштирок дошт ва дар гурӯҳаш ҳар се бозияшро ба Бразилияву Ҳолланду Нигерия бохт.

—————————————

Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1985 худаш мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми Ҷаҳони бистсолаҳо гардид. Бозиҳои гурӯҳӣ ва чаҳорниҳоӣ дар Еревану Тифлису Боку ва Минкс баргузор гардиданд. Шӯравиҳо дар гурӯҳе бо Австралияву Канадаву Нигерия дар шаҳри Минск ҷойи аввалро гирифтанд. Дар чаҳорниҳоӣ Шӯравӣ бар абаркоммунисти дигар – Чин ғолиб омд.

Мизбонии бозиҳои ҳалкунанда ба Маскаву Ленинград дода шуд. Вале Маскв ба соҳибони майдон шодӣ наовард. Аввал, дар нимниҳоӣ онҳо аз Испаний шикаст хӯрданд ва сипас бозӣ барои ҷойи саввумро низ ба Нигерия бохтанд. Қаҳрамон боз ҳам Бразилия гардид.

—————————————-

Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳони ҷавонони зери синни бист дар соли 1987 дар Чилӣ баргузор гардиданд. Онро ҷавонҳои Югославия ба даст оварданд – ҳамон ҷавонҳое, ки чун бузург шуданд, ба зери парчами чандин мунтахабҳои дигар рафтанд – Звонимир Бобан, Давор Шукер, Роберт Просинечки, Предраг Миятович – ин исмҳо барои дӯстдорони футболи солҳои навадум бегона нестанд.

————————————-

Ҷом соли 1989 дар мизбонии Арабистони Саудӣ буд. Иттиҳоди Шӯравӣ ба осонӣ дар гурӯҳаш Сурия, Колумбия ва Коста-Рикоро шикаст дод ва дар чаҳорниҳоӣ як триллере бо Нигерия нишон дод. То дақиқаи 58-ум голҳои Сергей Киряков (2 гол), Бахва Тедеев ва Олег Саленко ҳисобро чаҳор бар сифр ба нафъи шӯравиҳо карда буданд. Вале офриқоиҳо дар дақиқаҳои 61, 75, 83 ва 84-ум чаҳор гол заданд ва ҳисобро баробар карданд. Дар зарбаҳои пас аз бозӣ дар авҷи шодӣ бозигарони Нигерия ғолиб омаданд.

Нигерия баъдан ба финал рафт ва дар он ҷо танҳо ба Португалия бозиро бохт. Вале кафши тилоии он сабқатро ба худ Олег Саленко ихтисос дод.

—————————————-

Португалия дар соли 1991 на танҳо ба ҳайси соҳиби феълии Ҷом, балки боз мизбон ҳам ба майдон омад ва ин бор ҳам Ҷомро ба даст овард. Португалияҳо бо Луиш Фигу дар ҳайъаташон дар финал Бразилияро бо Роберто Карлосаш шикаст доданд. Ҳамон Бразилияеро, ки дар нимниҳоӣ Иттиҳоди Шӯравиро шикаст дода буд.

Шӯравиҳо дар охирин сабқати таърихии худ ҷойи саввумро ва Олег Шербаковашон кафши тилоии сабқатро соҳиб шуданд.

————————————-

Дар соли 1993 футболбозони ҷавон аз саросари ҷаҳонро ба тамошои кенгуруҳо бурданд. Австралия мизбони бозиҳо буд, бозиҳое, ки ҷавонҳои Бразилияро нахустин қаҳрамони секаратаи ҷаҳон карданд.

Бразилия дар бозии ниҳоӣ бар Гана ғолиб омад. Ҳамон Ганае, ки дар нимниҳоӣ Инглистонро шикаст дод ва дар чаҳорниҳоӣ Русияро титу пора карда буд.
———————————–

Дар соли 1995 дар Қатар низ мунтахаби Бразилия боз ба бозии ниҳоӣ баромад. Он ҷо ӯро Аргентина ва шикаст бо ҳисоби 0:2 интизор буд. Ҳамин гуна, Аргентина барои аввалин бор пас аз пирӯзӣ бо Марадона дар соли 1979 боз қаҳрамони бистсолаҳои ҷаҳон гардид.
————————————-

Аргентина чун лаззати пирӯзиро чашид, дигар онро дар соли 1997 дар Малайзия низ аз даст надод. Ин бор дар бозии ниҳоӣ Уругвай шикаст хӯрд.
—————————————

Танҳо дар соли 1999 аврупоиҳо Ҷомро аз дасти омрикоиҳои ҷанубӣ боз кашида гирифтанд. Мизбон Нигерия буд. Испания дар ҳайъате, ки Хавӣ ва Касиляс дошт, дар бозии ниҳоӣ ба дарвозаи Ҷопон чаҳор голи бепосух зад.

Инро низ бояд гуфт, ки дар ин сабқат ҷавонони Қазоқистон низ бозӣ доштанд ва дар гурӯҳ ҳар се бозияшонро бохтанд.

——————————————–

Аргентина дар соли 2001 мизбони Ҷоми Ҷаҳони бистсолаҳо гардид ва унвони қаҳрамониро низ ба худ баргардонид. Аргентина аввалин кишваре гардид, ки дар ин сабқат чаҳор бор қаҳрамон шуд.

Ин аввалин сабқате буд, ки пас аз бозиҳои гурӯҳӣ мунтахабҳо дар ҳаштниҳоӣ бозӣ мекарданд – маҳз дар ҳамин марҳила ягона намояндаи собиқ Шӯравӣ – Укроин аз Парагвай шикаст хӯрд.

Қаҳрамон бошад, ҳамаи дастаҳоро дар роҳи худ ба осонӣ ва бо ҳисоби калон шикаст медод. Масалан, дар нимниҳоӣ Парагвай 5 гол ва дар бозии ниҳоӣ Гана се гол хӯрданд.
———————————————-

Дар соли 2003 Бразилия нахост аз Аргентина ақиб бимонад ва он ҳам чаҳорумин унвони қаҳрамонии худро ба даст овард. Мизбони бозиҳо Иморот буданд.

Бразилия бо Адаилтон, Дани Алвеш, Карвалю, Нилмар, Адриано, Жунинё, Фернандинё ва ғайра бар Аргентина бо ҳисоби 1:0 ва дар бозии ниҳоӣ бар Испания бо Инйестааш бо ҳамин ҳисоб ғолиб омаданд.

Мунтахаби Узбакистон дар ин сабқат аввалин бор иштирок крада, дар гурӯҳаш аз Аргентина (1:2), Испания (0:1) ва Малӣ (2:3) шикаст хӯрда буд. Воқеан, аргентинаиҳо голи пирӯзии худро ба дарвозаи узбакҳо дар дақиқаи 90+3 аз пеналтӣ заданд ва ягона тӯби испониҳо ба дарвозаи узбакҳоро бошад Андрес Инйеста зад.
——————————————–

Соли 2005 соли таваллуди ситораи бузурги футбол – Лионел Мессӣ буд. Ин бор сабқат дар Ҳолланд мегузашт. Дар бозиҳои гурӯҳӣ Мессӣ танҳо як гол зад, вале дар ҳаштниҳоӣ маҳз голи ӯ тақдири бозӣ бо Колумбияро ба нафъи Аргентина ҳал кард. Дар чаҳорниҳоӣ Мессӣ Испания бо Давид Силва Сеск Фабрегасро ноумед кард, дар нимниҳоӣ бошад голи Мессиро аз тӯри дарвоза аллакай дарвозабони Бразилия берун мебаровард. Дар бозии ниҳоӣ ду голи Мессӣ ба дарвозаи Нигерия унвони панҷуми қаҳрамони бистсолаҳоро ба Аргентина оварданд.

Дар ин сабқат Укроин низ иштирок карда буд, ки дар ҳаштниҳоӣ аз Нигерия шикаст хӯрда буд.

———————————————-

Дар Канада дар соли 2007 боз ҳам Аргентина қаҳрамон шуд. Онҳо бо сарварии Серхио Агуеро дар бозии ниҳоӣ Ҷумҳурии Чхеро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

——————————————–

Дар соли 2009 Миср мизбони сабқат гардид ва аввалин бор мунтахаби офриқоӣ тоҷ ба сар гузошт. Гана дар нахустин бозии худ дар сабқат ҷавонони Узбакистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин шикаст баъдан ҳамсояҳои моро аз гурӯҳ берун набаровард. Дар бозии ниҳоӣ бошад ситораҳои офриқоӣ бо Бразилия бозӣ карданд. Вақти асосӣ мусовии бидуни гол анҷом ёфт. Дар зарбаҳои 11-метра нахустин унвони қаҳрамонӣ ба мунтахаби офриқоӣ муяссар гашт.

—————————————-

Дар соли 2011 Колумбия мизбон буд ва Бразилия қаҳрамон шуд. Бразилиягиҳо дар бозии ниҳоӣ бо як хет-трике аз Оскар бар Португалия бо ҳисоби 3:2 пирӯз омаданд.

—————————————

Фаронса барои нахустин бор қаҳрамони қаҳон миёни ҷавонони зери синни бист гардид. Дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2013, ки мизбонаш Туркия буд, мунтахаби пур аз сиёҳу гандумранги ватани атру зебоиву Эйфел аз оғоз бо бозии олиҷаноб яке аз муддаиёни аслии унвон буд. Дар бозии ниҳоӣ фаронсавиҳо бар намояндаи Омрикои Ҷанубӣ – Уругвай пирӯз омаданд. Мунтахаби Фаронса дар бозии нимниҳоӣ намояндаи Офриқо – Гана ва дар бозии чаҳорниҳоӣ намояндаи Осиё – Узбакистонро шикаст доданд. Дар ҳаштниҳоӣ мизбонон шикаст аз фаронсавиҳоро хӯрданд. Инро низ бояд гуфт, ки дар ин сабқат аз ду қаҳрамони серунвони қаблӣ – Аргентинаву Бразилия ҳеҷ кадоме иштирок надоштанд.

Advertisements