ЛИОНЕЛ МЕССИ АЗ МУСАЛМОН ШУДАНИ ХУД ХАБАР ДОД


 leo-messi

Лионел Андрес Месси (Lionel Andrés Messi) машҳуртарин ситораи ҷаҳонии футбол мусалмон шуд ва дар оғози Рамазони ҷорӣ исломашро эълон кард. Дар ин бора рӯзномаи арабзабони чопи Лондон “Ашшарқулавсат” хабар додааст.

Месси пас аз мусалмон шуданаш гуфт: “Ислом ҳомили паёми сулҳу муҳаббат аст ва бо мусалмон шудани фард шахсияти ислом дар мусалмон намоён мешавад.

– Дар мавриди ислом ва мусалмон шудан ба қаноати комил расидаам ва умедворам, дӯстон, наздикон ва хонаводаам дидгоҳашон ба ман пас аз мусалмон шуданам дигар намешавад”, – афзуд ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Месси барои интихоби дини ислом таҳти таъсири ҳеҷ ҷараёне қарор нагирифтааст ва умедвор аст, ки дигарон ҳам дар ин роҳ бо ӯ бархӯрди мантиқӣ дошта бошанд.

Гаравидани Месси ба дини ислом дар ҳоле аз сӯи расонаҳо эълом мешавад, ки пеш аз ин низ хабари мусалмон шудани ӯ ба нашр расида буд, аммо худи Месси шахсан дар ин бора ҳеҷ вокунише нишон надода буд.

Месси зодаи Аргентина ҳасту дар ҳоли ҳозир ҳамлагари мунтахаби ин кишвар ва клуби “Барселона”-и Испониё мебошад, ки яке аз сердаромадтарин футболбозҳо дониста мешавад.

Коршиносон ӯро зирактарин бозингари футбол медонанд ва бар ин боваранд, ки ӯ метавонад  дар сонияҳои ахир тӯбро идора кунад ва ба ҳамин хотир, чор маротиба барандаи тӯби тиллоии Аврупо ва ҷаҳон гардидааст.

 

ТоҷНюз

One thought on “ЛИОНЕЛ МЕССИ АЗ МУСАЛМОН ШУДАНИ ХУД ХАБАР ДОД

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s