“Футболи Тоҷикистон” даври 13-уми озмуни «Футболдон»-ро оғоз мекунад. Ин озмун бар асоси пешгӯии натиҷаи бозиҳо баргузор мешавад.

Тариқаи баргузории озмун:

Озмун ба ин тариқа сурат хоҳад гирифт:

Ҳар сари чанд муддат «ФТ» феҳраси 10 бозиро барои пешгӯии хонандагон нашр мекунад. Онҳое, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд, бояд аз рӯйи ин феҳрас бигӯянд, ки дар фалон бозӣ ҳисоби бозӣ чанд мешавад…

Бозиҳо:

Барои озмун асосан бозиҳои байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешаванд. Асосан, ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон, сабқатҳои қаҳрамонии қораҳои мухталиф ва қабл аз ҳама Аврупо ва Осиё, сабқатҳои дастаии ин ду қора такя хоҳад шуд. Бозиҳои сабқатҳои қаҳрамонии дохилӣ танҳо дар ҳолоти ночорӣ (барои як давр кофӣ набудани шумори бозиҳои байнулмилалӣ) ва ё зарурӣ (бозиҳои муҳим, дерби) ба озмун роҳ дода хоҳанд шуд.

Тақсими холҳо:

Холҳо ин гуна тақсим хоҳанд шуд:

Барои дарёфти ғолиби бозӣ – як хол

Барои дарёфти таносӯби голҳо ва барои дарёфти мусовӣ – ду хол

Барои дарёфти ҳисоби дақиқи бозӣ – чаҳор хол

Қабули ҷавобҳо:

Ҷавобҳо танҳо дар бахши “коммент”-и ҳамин матлаб ва дар сафҳаҳои вижаи торнигор дар Одноклассники ва Фейсбук қабул хоҳанд шуд. Танҳо он пешгӯиҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд, ки то оғози бозиҳои дар феҳрас овардашуда ирсол шуда бошанд. Натиҷа ва шумориши ҳар давр низ танҳо дар бахши «коммент»-и ҳамон давр мешавад.

Шартҳо:

Тағйири назар иҷоза дода намешавад. Зери мафҳуми «Натиҷаи бозӣ» вақти асосӣ дохил мешавад. Ҳар иштирокчие, ки се давр пайиҳам бесабаб иштирок накунад, ҳамаи холҳои худро аз даст медиҳад.

Ғолибон:

Озмун то охири соли 2013 идома хоҳад кард ва бино бар натоиҷи он нафари беҳтарин дар се бахш: «Бештарин холи тамоми даврҳо», «Бештарин холи як давр» ва «Ғолиби аксари даврҳо» муайян мешавад. Ҳамчунин, аксҳо ва мусоҳибаи ғолибони озмун дар «Футболи Тоҷикистон» нашр хоҳад шуд.

Агар ду ва ё зиёда довталаб холи якгуна бигиранд, дар он сурат шумораи холҳое, ки аз дарёфти «ҳисоби дақиқи бозӣ» ба даст омадааст, ба инобат гирифта мешавад. Агар дар бахши «Ғолиби аксари даврҳо» шумори ғолибон бештар аз як нафар бошад, пас ҳамоне беҳтарин дониста мешавад, ки дар ҷадвали умумӣ холҳои бештарро ба даст овардааст. Агар холҳои ҷадвали умумӣ низ баробар бошанд, пас ҳамоне ғолиб дониста мешавад, ки дар даврҳои ғолибомадааш холҳои бештарро ба даст оварда бошад.

Даври 13-уми “ФУТБОЛДОН”: 23-28-уми июл

Марҳилаи дуввуми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо. Бозиҳои ҷавобӣ:

23.07.2013: «Шахтер» (Қарағанда, Қазоқистон) – «БАТЭ» (Белорус)

23.07.2013: «Сутйеска» (Черногория) – «Шериф» (Молдова)

23.07.2013: «Калю» (Эстония) – «ХИК» (Финландия)

23.07.2013: «Шкендербо» (Албанистон) – «Нефтчӣ» (Боку, Озарбойҷон)

24.07.2013: «Партизан» (Сербистон) –  «Ширак» (Арманистон)

Марҳилаи дуввуми Лигаи Аврупо. Бозиҳои ҷавобӣ:

25.07.2013: «Рубин» (Русия) – «Ягодина» (Сербистон)

25.07.2013: «Пюник» (Арманистон) – «Жалгирис» (Литва)

Премйер Лиги Русия:

26.07.2013: «Зенит»– «Кубан»

27.07.2013: «Динамо» (Маскав) – «Спартак» (Маскав)

28.07.2013: “Локомотив» (Маскав) – «ССКА» (Маскав)

 Бубинем, кӣ футболро беҳтар медонад, дӯстон?

ПС: «Футболи Тоҷикистон» ҳаққи тағйири шартҳои озмунро барои худ ҳифз мекунад. Назарҳо дар мавриди беҳтар кардани озмун низ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.