Ширкати футболбозони навраси тоҷик дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013»


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дар Қирғизистон ширкат хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16)
Ин мусобиқа аз 3-юм то 7-уми август дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа, ки аз як давра иборат аст, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон, дастаҳои Қирғизистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш рӯзи 3-юми август бо дастаи мизбон – Қирғизистон вориди рақобат мешавад.
Мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, барои ширкат дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013» 18 бозигари синнашон то 16-соларо даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16):

дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»);

ҳимоятгарон: Алишер Сафаров (РШВСМ), Абубакр Азимов («Равшан»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Фирӯз Ризомов («Вахш»);

нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Муҳаммад Шарифов, Ҳаким Ҳасанов, Ҷамшед Махсумов, Табрези Давлатмир (ҳарсе – РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»), Саидҷон Шарифов («Эсхата»);

ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собирчон Гуляков (ҳарду – РШВСМ), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Чикаши Сузуки (Ҷопон).

Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе

18.30 – Озарбойҷон – Беларус
18.30 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

18.30 – Тоҷикистон – Озарбойҷон
18.30 – Беларус – Қирғизистон

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

9.00 – Тоҷикистон – Беларус
10.00 – Қирғизистон – Озарбойҷон

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s