Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар даври савуми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дар Қирғизистон бар тими Белорус бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.  Голи ягонаи ин бозиро Рустам Толибов (РШВСМ) дар дақиқаи 75-уми бозӣ зад.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон ҷараён дошт, дастаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок карданд. Ҳамин гуна, мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозии худ пирӯз омада, бари саввумин бор Ҷоми Дӯстиро ба даст овард. Қаблан, ин Ҷомро наврасони тоҷик дар солҳои 2010 ва 2012 соҳиб шуда буданд. Дар соли 2011 ин Ҷомро мунтахаби наврасони Русия гирифта буд.

Ҳама пирӯзони Ҷоми Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон гузаронида мешавад
2010 – Тоҷикистон
2011 – Русия
2012 – Тоҷикистон
2013 – Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013» рӯзи чоршанбеи 7-уми август  дар даври охирин бо дастаи Беларус бо чунин ҳайъат бозӣ кард:

Бехруз Хайриев, Фируз Ризомов, Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Кароматулло Саидов, Худойдод Узоков, Муминов, Мухаммаджони Хасан, Мухаммад Шарипов, Рустам Толибов.

Таъвиз: Собирҷон Гуляков, Ҷамшед Махсумов, Хаким Хасанов, Саиҷон Шарипов, Хикматулло Муллодустов.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

 

 

Б

П

М

Ш

Г

Х

1

ТОҶИКИСТОН

3

3

0

0

13-2

9

2

Кыргызстан

3

1

1

1

6-10

4

3

Азербайджан

3

1

0

2

6-10

3

4

Белоруссия

3

0

1

2

5-8

1

Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе

18.30 – Озарбойҷон – Беларус – 5:3
18.30 – Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:7

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

18.30 – Тоҷикистон – Озарбойҷон – 5:0
18.30 – Беларус – Қирғизистон – 2:2

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

9.00 – Тоҷикистон – Беларус 1:0
10.00 – Қирғизистон – Озарбойҷон 2:1

Голзанҳои Тоҷикистон:

Рустам Толибов (РШВСМ), Худойдод Узоқов, («Вахш») – 4 голӣ,

Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан») – 2 гол

Муҳаммад Шарифов (РШВСМ)Собирҷон Гуляков (РШВСМ),  Кароматулло Саидов  («Вахш») – 1 голӣ

Advertisements