Қиматтарин футболбозони тоҷик кистанд?


Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи “Газовик”-и шаҳри Оренбург, қимматтарин футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Тибқи раддабандии ахири сомонаи олмонии transfermarkt.de, ки ба арзёбии нархи футболбозҳои трансфер машғул аст, Фарҳод Восиев 200 ҳазор евро нарх дорад. Ба иттилои ин сомона, гарчанде нархи ин футболбози тоҷик давоми моҳҳои охир 50 ҳазор евро коҳиш ёфтааст, ҳамоно қимматтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Баробари Восиев дар сомонаи олмонӣ Нуриддин Давронов зикр шудааст, ки ахиран аз Сербия ба бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе баргашт ва нархи ӯ 150 ҳазор евро нишон дода шудааст.

Нархи Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари “Регар-ТадАЗ” дар сомонаи олмонӣ 75 ҳазор евро арзёбӣ гардидааст. Ба рӯйхати бозигарон аз Тоҷикистон, ки дар сомонаи олмонӣ нархгузорӣ шудаанд, инчунин Манучеҳр Ҷалилов, бозигари бошгоҳи “Нефтехимик”-и Русия ворид шудааст. Ҷалилов зодаи Тоҷикистон бошад ҳам дар дастаи мантахаби кишвар бозӣ намекунад. Ӯ низ дар сомонаи олмонӣ 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s