Хонандагони гиромии торнигори мо!

Моҳи шарифи Рамазон ҳам ба анҷом мерасад ва пасфардо мардуми мусалмони Тоҷикистон иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз мусалмонони кишвар бо умеду ниятҳои нек дастурхони идона ороста, бо тиловати оятҳои каломи раббонӣ ва дуову фотиҳа ба арвоҳи гузаштагон  бо ин моҳи хайру эҳсон, файзу баракат ва раҳмату мағфират хайрухуш мекунанд.

Бинобар ин, нахустин торнигори футболииТоҷикистон якояки шуморо ба муносибати фарорасии ин иди саид  табрик мегӯяд ва ба шумо  қабули ибодат ва иҷобати дуоҳо, саодату некбахтӣ ва дили шоду хонаи обод орзу менамояд.

Худованд  тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо  дар ин моҳи муборак  мақбули даргоҳи худ гардонад!

Advertisements