Натоиҷи қуръакашии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»


Рӯзи 6 август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқа барои Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа дастаҳои вазоратҳо , идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои бонкӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Ин мусобиқа 16-уми август шурӯъ шуда, то 7-уми сентябр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Дар қуръакашӣ намояндагони 18 даста иштирок доштанд.

Натоиҷи қуръакашӣ:

Гурӯҳи «А»: «Вавилон», КФ «Истиқлол», «ZTE», «TCELL», «Дӯстӣ».

Гурӯҳи «В»: «Бонки миллии Тоҷикистон», «Газпром», «Қазкоммерсбанк», «Формула успеха», «Динамо» (ВКД).

Гурӯҳи «С»: «Оҷонсии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо
коррупсия», Академияи футболи клуби «Истиқлол», «Аэропорт» (Душанбе), «Амонатбонк».

Гурӯҳи «D»: «Ориёнбонк», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Агроинвестбонк», ОМОН (ВКД).

Бино ба иттилоъи масъулини Федаратсияи футболи Тоҷикистон, қабули дархост барои ширкат дар Ҷоми «Истиқлол» идома дорад ва дастаҳои хоҳишманд ба гурӯҳҳо илова мешаванд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s