Пирӯзии «Истиқлол» бар «Парвоз» дар бозии санҷишӣ


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Тими "Истиқлол" дар Қайроқум

Ин бозӣ дар доираи омодагии дастаҳо ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум барпо гардид. Бояд гуфт, ин аввалин бозии «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Олег Ширинбеков ба шумор мерафт.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», бо маслиҳати мураббиёни ҳарду даста бозӣ аз се қисми 20-дақиқаӣ иборат буд. Бозигарони нави даста ба «Истиқлол» пирӯзӣ оварданд. Нимҳимоятгар Глаубер Да Силва, легионер аз Бразилия, дар дақиқаи 6-ум тӯби дар ҷаримагоҳ ба ӯ ҳавододаи ҳамватанаш Виллер Соузаро бо сар вориди дарвозаи «Парвоз» карда, ҳисобро кушод.

Голи дувумро ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари санҷишии «Истиқлол» дар ҷараёни ҷамъомадии таълимиву тамринии даста дар Қайроққум рӯзи 10-уми август бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s