Хуршед Мирзоев муовини аввали раиси ФФТ интихоб шуд


Рӯзи ҷумъа, 9-уми август, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуд.

Хуршед Мирзоев

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин конфронс Хуршед Мирзоев, ки аз ин пеш раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе буд, муовини аввали раиси ФФТ интихоб шуд. Вай дар ин симат Валерий Турсуновро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дода буд, иваз намуд.

Бояд тазаккур дод, Валерий Турсунов, собиқ бозигари машҳури дастаи «Помир»-и Душанбе, дар вазифаи ноиби президенти ФФТ аз соли 1996-ум кор кардааст. Вай бори охирин 5-уми январи соли 2012 дар конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи ноиби аввали президенти ФФТ интихоб шуда буд.

Дар ин конфронс ба Валерий Турсунов унвони “Корманди фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон” дода шуд.

Инчунин рӯзи 9-уми август дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конфронси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе барпо гашт. Дар ин конфронс Дилшод Ҷӯраев раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд. Вай дар ин симат Хуршед Мирзоевро, ки муовини аввали раиси ФФТ интихоб гардид, иваз намуд. Бояд гуфт, ки Дилшод Ҷӯраев ҳамчунин ба ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s