Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон дошт, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ба итиилои ФФТ, ин бозии соати 19:00-и шоми 5-уми октябр барпо хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар майдони марказии пойтахт сабзаҳои майдонро иваз карда истодаанд ва бояд ҳамаи корро то аввалҳои моҳи сентябр ба поён расонанд.

Ҳамчунин рӯзи 7-уми сентябри соли равон ду дастаи номдори Тоҷикистон-қаҳрамони даври аввали Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол-“Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ба сабқат мебароянд. Дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” яке аз мудаиёни асосии унвони қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд, ки феълан дар ҷадвали мусобиқот якуми бо 27 имтиёз ва дуюми бо 24 имтиёз пешсаф мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе 15-уми июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар бозии охиронаш дар даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз тими “Равшан” бо ҳисоби 1:0 шикаст хурда буд. Дар пайи ин бохти “Истиқлол” мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии ҳамонвақтаи он аз мақомаш барканор гардид ва ба ҷои ӯ Олег Ширинбеков сармураббии дастаи “Истиқлол” таъин шуд, ки дар даври дуюми мусобиқот дастаро роҳбарӣ мекунад.

Ozodagon

Advertisements