Бозигари латхӯрдаи “Равшан” ҷарроҳӣ шуд


Абдусамад Ҳоҷибоев, яке аз бозигарони моҳири тими футболи “Равшан”-и Кӯлоб ҷарроҳӣ шуд.

Тавре Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан” ба “Озодагон” иттилоъ дод, Абдусамад Ҳоҷибоев, ки ҳамзамон нимҳимоятгари Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аст, дар рафти тамрин бо дастаи мунтахаби миллӣ аз зонуяш лат хӯрда буд ва ҷарроҳии ӯ рӯзи 19-уми августи соли ҷорӣ дар беморхонаи шаҳри Турсунзода бомуваффақият анҷом ёфт.

Маъруф Рустамов афзуд, умед доранд, ки Абдусамад Ҳоҷибоев пас аз ҷарроҳӣ шифои комил ёбад ва афзуд, ки ин бозигар дар мавсими имсолаи футбол ширкат карда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусамад Ҳоҷибоеви 23- сола, аз аввали мавсими имсолаи футбол аз клуби “Энергетик”-и Душанбе ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб пайваста буд.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s