«Бавария» барандаи Ҷоми олии Аврупо шуд


Дастаи «Бавария»-и Мюнхени Олмон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Челсӣ»-и Лондони Инглистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд, барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Аврупо оид ба футбол гардид.

Замони асосии ин дидор, ки шаби 30-юми август дар варзишгохи «Эден Арена»-и шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех бо ҳузури 17700 тамошогар баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро ҳамлагари «Челси» Фернандо Торрес дар дақиқаи 8-ум боз кард. Дар оғози нимаи дувуми бозӣ Франк Рибери, бозигари «Бавария», ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи аввали замони изофӣ, дар дақиқаи 94-ум Эден Азар боз «Челсиро» ба пеш баровард. Дар дақиқаи охирини замони изофӣ ба Хави Мартинес муяассар шуд, ки ҳисобро баробар намояд – 2:2.

Тақдири бозиро силсилаи пеналтӣ ҳал кард. Зарбаи ҳалкунандаи 11-метраро ҳамлагари «Челси» Ромелу Лукаку хато зад. Ба ин тартиб «Бавария» аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 ва аз рӯи ҳисоби умумӣ бо натиҷаи 7:6  ғолиб омад.

Бояд гуфт, ки  ҳайати «Челси» аз дақиқаи 85-ум як нафар кам буд. Рамирес корти сурх гирифт.

«Бавария» – «Челси» – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ – 5:4)
Голҳо: Торрес 8 (0:1). Рибери 47 (1:1). Азар 93 (1:2). Мартинес 120 (2:2).

«Бавария»: Нойер, Алаба, Данте, Рафиня (Мартинес, 55), Боатенг, Лам, Роббен (Шакири, 96), Рибери, Кроос, Мюллер (Гётсе, 70), Манчукич
«Челси»: Чех, Иванович, Кэхилл, Луис, Коул, Азар (Терри, 112), Лэмпард, Оскар,Рамирес, Шюррле (Микел, 87), Торрес (Лукаку, 98)

Огоҳонида шуданд: Рибери, 22; Боатенг, 84 – Кэхилл, 40; Рамирес, 63; Луис, 66; Рамирес, 85; Лукаку, 99; Коул, 119; Иванович, 120

Аз майдон хориҷ шуд: Рамирес, 85
Сардовар: Эрикссон Й. (Шветсия)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s